Хабарҳо

Авбоши дар зиндон

   Дар суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе таҳти раисии муовини раиси суди ноҳия Нурализода С. бо иштироки айбдоркунандаи давлатӣ-прокурори калони Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ Маҳмудзода Б.А. парвандаи ҷиноятӣ нисбати Ҷаборов Р.С. бо моддаи 237 қисми 2 банди “б”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардид.

   Ҳолати кор: Аз 15 декабри соли 2020 то 9 феврали соли 2021 дар тавқифгоҳи тафтишотии ЯТ 9/1 СРИҶҶ Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятй нисбати Каримов Хуҷа, Ҷаборов Р.С. ва дигар шарикони ҷиноятиашон Ғаниев И.Қ., Кенҷаев А.Ҳ. ва Раҷабов Р.Р. дар содир намудани ҷиноятҳои касдона мавриди баррасй карор дода шудааст.

   9 феврали соли 2021 соати 15:00 судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тағойзода А.С. ҳукми судро нисбати судшавандагон эълон кардааст, ки мувофиқи он Ҷаборов Р.С. дар содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 74, 104 банди “г” ва 221-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) пешбинишуда гунаҳгор ҳисобида шуда, ба ӯ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 13 солу 6 моҳ таъйин гардидааст.

  Баъди ҷамъбаст гардидани мурофиаи судӣ ва аз толори судй баромадани судя ва ҳайати суд дар ботини Ҷаборов Р.С., ки ҳанӯз бо ҳаммаслаконаш дар дохили панҷараи оҳанин карор доштанд, ҳиссиёти авбошӣ пайдо гардида, дар ҳузури зиёда аз 20 нафар кормандони тавқифгоҳи тафтишотй, сарбозони қисми ҳарбии 6593 СРИҶҶ ВА Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шаҳрвандони дар маҷлиси судӣ иштирокдошта, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон карда, нисбати ҷабрдида Қаюмова Ш. дашному ҳақоратҳои қабеҳ ва таҳдиди истифодаи зуроварӣ намуда, муддати зиёда аз 15 дакиқа тартиботи дохилаи тавкифгоҳи тафтишотиро дағалона вайрон намудааст.

   Дар натиҷа, сарбозони дар кисмати беруни маҷлисгоҳ буда ва кормандони дигари тавқифгоҳи тафтишотӣ аз ҳуҷраҳои кориашон берун баромада ба толори маҷлисгоҳи судӣ ворид шуда Ҷаборов Р.С.-ро ором намуда, тартиботи муқаррарии тавқифгоҳро барқарор намудаанд.

Дар мурофиаи судӣ айбдоркунандаи давлатӣ аз суд пурсид, ки Ҷаборов Рустам Самадович бо моддаи 237 қисми 2 банди “б"-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо ҷазои ниҳой маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 16 сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш сахт таъин карда шавад.

  Бо ҳукми суди ноҳияи И.Сомонии шаҳри Душанбе аз 18 майи соли 2021 судшаванда Ҷаборов Р.С. бо моддаи 237 қисми 2 банди “б”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ аз рӯи маҷмӯи ҳукмҳо ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 15 сол дар колонияи ислоҳии низамаш сахт таъйин карда шудааст.

 

 Маркази матбуотии Прокуратураи

 генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон