Хабарҳо

Фирор аз қисми ҳарбӣ бо мақсади дуздӣ

 Аз ҷониби сарпрокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон тафтиши пешакии парвандаи ҷиноятӣ бо айбдории Буракзода Кароматулло Неъматулло бо моддаҳои 375 қисми 1 ва 244 қисми 2 бандҳои  “в”, “г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  (Фирор аз қисми ҳарбӣ ва даст задан ба тасарруфи ниҳонии молу мулки ғайр) баъди анҷом ба суд ирсол шудааст.

 Хизматчи ҳарбии Вазорати мудофиа аскари қаторӣ Буракзода К. Н., ки қаблан ду маротиба бо ҳукмҳои судӣ барои содир намудани ҷинояти дуздӣ гунаҳкор гардида буд, такроран даст ба содир кардани ҷинояти қасдона зад.

 31 октябри соли 2020 Буракзода К.Н., аз тарафи комиссияи тиббӣ даъватии ноҳияи Рӯдакӣ ба хизмати ҳарбӣ даъват шуда, барои адои он ба қисми ҳарбӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷойдошта сафарбар карда шудааст. 8 октябри соли 2020 бо мақсади саркашӣ намудан аз адои хизмати ҳарбӣ бе сабабҳои узрнок худсарона маҳалли хизматро тарк намудааст.

 17 ноябри соли 2020 тахминан соати 11 рӯз бо мақсади содир намудани ҷинояти дуздӣ ба деҳаи Истиқлол 2-и ноҳияи Рӯдакӣ рафта, манзилҳои истиқоматии шаҳрвандонро азназар гузаронидааст.

  Тахминан соати 15:00 баъди мушоҳида кардани он, ки дари хонаи №374 деҳаи мазкур аз берун қулф карда шудааст, тавассути девори ҳавлӣ вориди хона шуда, тирезаи яке аз он хонаро кушода, бо роҳи пинҳонӣ ду адад телефонҳои мобилии тамғаҳои «Самсунг», як адад соати дастии мардона, ду адад ангуштарини нуқрагини занона, як адад ангуштарини нуқрагини мардона, як ҷуфт гӯшвори занонаи бижутерй, як адад (кулон) сӯзанаки бижутерй ва 11 сомонӣ маблағи пулиро тасарруф намуда, аз дохили хона баромада, дар саҳни ҳавлӣ  соҳиби хонаро дидааст.

  Соҳибхона, бо кумаки дигар ҳамсоягон Буракзода К.Н-ро дастгир намуда, ба кормандони милитсия супоридаанд.

  Бо ҳукми суди ҳарбӣ Буракзода К.Н. бо моддаҳои 375 қисми 1 ва 244 қисми 2 бандҳои “в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 2 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш умумӣ таъин карда шуд.

 

 Маркази матбуотии Прокуратураи

 генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон