Хабарҳо

Ҳодисаҳои марги зуроварии шаҳрвандон дар хориҷа дар зери назорати доимии Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд

   25 майи соли 2020 аз Федератсияи Русия ҷасади шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, зодаи ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғд Қушмуродов Сардор Фуркатович, 03 сентябри 1987 соли таваллудаш бо аломатҳои марги маҷбурӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шуд.

 Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолати ба март расонидани Қушмуродов С.Ф. ва сабабҳои он ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳкорон Прокуратураи генералии Федератсияи Россия дархост ирсол карда шуд.

  Дар натиҷаи ба роҳ мондани ҳамкорӣ муайян карда шуд, ки аз рӯи ин ҳодиса бо дастрасии қисми 4 моддаи 111 Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия (қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ, ки дар натиҷаи беэҳтиётй боиси марги ҷабрдида шудааст), парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

  Бо гумони содир кардани ин ҷиноят шаҳрванд Худойбердиев Д.А. боздошт шудааст.

  Дар ҷараёни тафтишот муайян карда шуд, ки Худойбердиев Д.А. дар натиҷаи муноқишаи бавуҷудомада, дидаю дониста бо корд ба шиками Кушмуродов С.Ф. як зарба задааст, ки охирон зарари ҷиддӣ ба саломатӣ бардошта, вафот кардааст.

 Бо ҳукми суди шаҳри Дмитрови вилояти Москва аз 04 сентябри соли 2020 Худойбердиев Д.А. дар содир кардани ин ҷиноят гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 6 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар колониям ислоҳии низомаш сахт маҳкум карда шудааст.

 Аз ҷониби Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар як ҳодисаи бо аломатҳои марги маҷбурии шаҳрвандон дар хориҷа таҳти назорати махсус гирифта шуда, дар оянда низ тамоми чораҳои зарурӣ барои пешгирии чунин ҳодисаҳо андешида мешаванд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ