Хабарҳо

ҲУКМИ ACOCHOK БАРОИ АВБОШИ ВА ДАЪВАТ БАРОИ БО РОҲИ ЗУРОВАРИ ТАҒЙИР ДОДАНИ СОХТИ КОНСТИТУТСИОНИ НИСБАТИ ОДИНАЕВҲО

 Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба изҳороти Паймони Миллим Тоҷикистон- иттиҳоди мухолифини тоҷик вобаста ба ҳукми зиндонии Маҳмурод Одинаев, муовини раиси ҲСДТ зуҳуроти номатлуби вақтҳои охир дар ҷумҳурӣ ба вуқӯъпайваста ва аъмолу кирдорҳои ғаразноки ӯро такроран мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор дод.

 Муайян карда шуд, ки бо ҳукми суди ноҳияи Рӯдакӣ аз 28 январи соли 2021 Одинаев М. бо моддаҳои 237 қисми 2 бандҳои “б, в”, 307 қисми 2 банди “г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва писараш Ризоев Ҳабибулло бо моддаи 237 қисми 2 бандҳои “б, в” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба Одинаев М. ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 14 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи машғул шудан ба фаъолият дар самти ҳуқуқшиносӣ ба муҳлати 5 сол ба Ризоев Ҷ. ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 1000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 58 000 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шудааст.

 Одинаев М. барои он гунаҳгор дониста шудааст, ки ӯ 29 октябри соли 2020 бо ҳамроҳии ҳамсараш Ризоева М. ва писараш Ризоев Ҳ. ба комиссариата ҳарбии шаҳри Ҳисор ҳозир шуда, бо баҳонаи он, ки писарашро кормандони комиссариати ҳарбӣ беасос ба хизмати ҳарбӣ даъват намудаанд, дар муддати 30-40 дақиқа тартиботи ҷамъиятиро даталона вайрон намуда, нисбати кормандони комиссариати ҳарбӣ дашномҳои қабеҳ дода, дар сурати ба хизмати ҳарбӣ бурдани писараш таҳдиди истифодаи зӯрӣ намудааст.

  Ғайр аз ин, Одинаев М. ҳамчун муовини раиси Ҳизби сотсиал- демократии Тоҷикистон худро дар шабакаи интернетии иҷтимоии “Фейсбук” ба қайд гирифта, 16 ноябри соли 2020 дар саҳифаи интернетии худ аксҳои намояндагони ҲНИТ, гурӯҳи 24 ва Паймони миллим Тоҷикистонро ҷой дода, дар муроҷиатҳои иғвоангези худ оиди сиёсати роҳбарияти имрӯзаи Тоҷикистон беасос норозигӣ баён намуда, бо мақсади бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ одамонро ба гирдиҳамоии ғайриқонунӣ дар назди бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват намудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ