Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ ДАР СОЛИ 2020

  2 феврали соли 2021 дар асоси Нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти фаъолият  дар соли 2020 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ- Намояндаи комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ализода З.  бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотии Прокурори генералӣ баргузор гардид.

 Дар он сараввал Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод доир ба фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 баромад карда,  қайд намуданд, ки  кормандони мақомоти прокуратура низ фаъолияти худро ба боз ҳам афзунтар намудани дастовардҳои даврони Истиқлолият ва таҳкими ваҳдати миллӣ тавассути таъмини ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, инчунин мубориза бар зидди ҷинояткорӣ равона намуда, дар соли 2020 дар аксар самтҳои назорати прокурорӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд.

Дар ин давра 70 ҷаласаҳои васеи ҳайатҳои мушовараи прокуратура ва 275 ҷаласаҳои Шўрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ доир гардида, дар онҳо вазъи ҷинояткорӣ, мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм, қочоқи молу маҳсулот, ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон, қонунгузории замин, ҳифзи саломатии аҳолӣ ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ ва чораандешӣ қарор дода шуданд.

Ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузории ҷумҳурӣ дар маҷмўъ 5764 (5338) маротиба санҷида, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо ва сабабу шароитҳои ба содиршавии онҳо мусоидаткунанда  11000 (9144) нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 4700 (4098) нафар ба ҷавобгарии моддӣ кашида шудаанд. Инчунин прокурорҳо 2 000 (23090) парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 3062 (2688) парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз намудаанд.

Бо дахолати прокуророн 701 млн. (597,9 млн.) сомонӣ зарар барқарор гардидааст, ки нисбат ба соли 2019 103,4 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Баҳри таъмини фазои ягонаи ҳуқуқӣ дар кишвар ба 35 санадҳои қабулнамудаи роҳбарони вазорату идораҳо эътирозҳо оварда шудаанд.

Санҷиши ҳолати баррасии муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар вазорату идораҳо ва дигар субъектон як қатор қонунвайронкуниҳо, ба монанди муддатҳои тӯлонӣ баррасӣ накардани муроҷиатҳо, ба муроҷиаткунандагон надодани ҷавобҳои хаттӣ ва дигар қонунвайронкуниҳоро ошкор намуда, нисбати шахсони масъули мақомоти давлатӣ 24 парвандаи ҷиноятӣ ва 325 парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.

Ба қарорҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо1055 (874) эътироз оварда шудаанд, ки 865 (682) адад ва ё 82 (78) фоизи онҳо вобаста ба қонунгузории замин мебошанд.

Барои ғайриқонунӣ додан, хариду фурўши замин ва сохтакории ҳуҷҷатҳои ҳуқуқи истифодаи замин нисбати 296 нафар шахсони мансабдор, аз ҷумла 22 нафар кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ,  27 кормандони сохторҳои Кумитаи идораи замин ва геодезӣ, 49 кормандони корхонаҳои бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, 43 раисони ҷамоатҳо, 77 муҳандис-заминсозони ҷамоатҳо ва 77 нафар роҳбарони хоҷагиҳои кишоварзӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз карда, гунаҳгорон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд.

Ба ҳамин монанд, оиди ҳолати риоя ва иҷрои қонунгузорӣ дар бораи бонк ва фаъолияти бонкӣ, истифодаи мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, азонихудкунӣ ва тасарруфи маблағҳои буҷетии ба соҳаи тандурустӣ ҷудогардида, қонунгузорӣ оид ба ноболиғон ва ҷавонон, иҷрои қонунҳо дар ҷойҳои ҳабси пешакӣ ва иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, вазъи иҷрои қонунгузории амалкунанда дар Қувваҳои Мусаллаҳ, дигар қўшунҳо ва воҳидҳои ҳарбӣ,  муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ санҷишҳои дахлдор гузаронида шуда. аз натиҷаи онҳо санадҳои эътиноии прокурорӣ қабул карда шуд.

Ташвиқу тарғиби қонунҳо воситаи муҳими баланд бардоштани маърифати ҳуқуқи шаҳрвандон буда, кормандони прокуратура дар байни коллективҳои меҳнатӣ ва маҳали зисти аҳолӣ 12090 вохӯрию суҳбатҳо гузаронида, тавассути воситаҳои ахбори омма 2822 маротиба баромад намудаанд.

Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оянда низ баҳри таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд дар мамлакат чораҳои дахлдор меандешад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ