Хабарҳо

Ҷавоб надодан ба муроҷиатҳои шаҳрвандон ҷавобгарӣ дорад.

 Сатторов Абдураҳим аз 04 майи соли 2015 дар вазифаи заминсози ҷамоати деҳоти Носири Хисрави ноҳияи Қубодиён кору фаъолият намуда, дар давраи фаъолияти кориаш талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикмстон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ»-ро дағалона вайрон намуда, муроҷиатҳои шаҳрвандон Худойназарова О., Хушвахтов М., Беков А., Норов Б., Бобомуротов С., Дустмуродова И., Бобомуродов С. ва муроҷиати сардори Раёсати кишоварзии ноҳияи Қубодиёнро мавриди баррасӣ қарор надода, ба ҳуқуқ ва манфиатҳои ҳифзшудаи онҳо зарари ҷиддӣ расонидааст.

  Прокуратураи вилояти Хатлон 18 сентябри соли 2020 нисбати Сатторов А. бо аломатҳои моддаи 163-қисми 1-и (баррасӣ накардани муроҷиатҳои шаҳрвандон) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ суд ба ирсол карда шуд.

  Бо ҳукми суди ноҳияи Қубодиён аз 20 октябри соли 2020 Сатторов А. бо моддаи 163-қисми 1-и КҶ Ҷумҳури Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5800 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷазо муқаррар карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ