Хабарҳо

Баргузории ҷаласаи 18-уми прокуророни генералии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай

20 октябри соли 2020 таҳти раёсати Прокурори генералии Ҷумҳурии Узбекистон ҷаласаи 18-уми прокуророни генералии кишварҳои аъзои Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ба таври фосилавӣ тавассути алоқаи видеогӣ баргузор гардид.

 Дар кори ҷаласа прокуророни генералии давлатҳои аъзои СҲШ- Ҳиндустон, Казоқистон, Хитой, Қирғизистон, Покистон, Федератсияи Россия, Тоҷикистон, Узбекистон ва давлатҳои мушоҳидачӣ - Афғонистон, Беларус, Эрон, Муғулистон, давлатҳои муколама оид ба ҳамкорӣ- Озарбойҷон, Арманистон, Шоҳигарии Камбоҷа, даъватшудагон- Котиби генералии СҲШ, Директори Кумитаи иҷроияи Маркази минтақавии муқовимат бо терроризми СҲШ ва Президенти Ассотсиатсияи байналмилалии прокурорҳо ширкат варзиданд.

Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники адлия, муҳтарам Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар мавзӯи “Таҷрибаи пешқадам ва механизми самарабахши муқовимат ва мубориза бо коррупсия” баромад намуд.

Дар интиҳои баррасии масъала протоколи ниҳоии ҷаласа аз ҷониби прокуророни генералии кишварҳои аъзои СҲШ ба таври алоҳидагӣ ба имзо расонида шуд.

Қарор карда шуд, ки ҷаласаи навбатии прокуророни генералии кишварҳои аъзои СҲШ соли 2021 дар Ҷумҳурии Ҳиндустон баргузор гардад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ