Хабарҳо

ОДАМКУШӢ ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ

 Саъдулоев Анвар Ҳабибулоевич қаблан солҳои  пешин бо   моддаҳои гуногуни Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум гардида, ба худ хулосаи зарурӣ набароварда, дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок ҷинояти одамкушӣ содир кардааст.

  Саъдулоев А.Ҳ., санаҳои 12-13 апрели соли 2017 ҳамроҳ бо Садулоев Идибек Фатҳулоевич дар минтақаи ба тафтишот номуайяни ҳудуди ноҳияи Железнодорожний, шаҳри Екатеринбурги Федератсияи Россия қарор дошта, бинобар нисбати Садулоев И.Ф. хусумати шахсӣ доштан, мақсад гузоштааст, ки ӯро ба марг расонад. Бо ҳамин мақсад тахминан соатҳои 15:50 дақиқаи 13 апрел бо роҳи буғӣ кардани Садуллоев И.Ф. роҳҳои нафасашро маҳкам карда, охиронро ба марг мерасонад.  

  Баъдан дар давраи аз 12.04.2017 то соати 15:50 дақиқаи 13.04.2017 сол СаъдулоевА.Ҳ. бо мақсади пинҳон намудани изи ҷиноят ва ошкор нашудани кирдораш дар содир кардани ҷинояти махсусан вазнин бо асбоби тез кардашудаи ба тафтишот номаълум мусаллаҳ шуда, аъзоҳои бадани ҷасади Садулоев И. Ф., яъне cap, дастҳо ва пойҳояшро бурида, аз ҷасад ҷудо карда, дар борхалтаҳои полиэтиленӣ ҷой кардааст.

  Баъдан ӯ тариқи ҳавопаймо 14 апрели соли 2017 аз шаҳри Екатеринбург ба шаҳри Душанбе баргашта, минбаъд ба Федератсияи Россия нарафтааст.

  Аз тарафи прокуратураи вилояти Хатлон нисбати Саъдулоев А.Ҳ. бо моддаи 104 қисми 2 банди «п» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суди вилоят ирсол гардидааст.

  Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 23 июли соли 2020 Саъдулоев А.Ҳ.гунаҳгор дониста шуда, ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум намудан маҳкум карда шуд.

 

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ