Хабарҳо

Хусумат ба қатли инсон расонид

   Ғолибов Хуршед Қурбонович истиқоматкунандаи ноҳияи Панҷ, Ҷамоати деҳоти Озодагон, деҳаи Сафедорон моҳи октябри соли 2019 барои оила барпо намудан бо Нурова Дилафрӯз Нурмаҳмадовна ба хонаи   онҳо ба хостгорӣ мераванд. Падари охирон Нуров Нурмуҳаммад Товуловид  дархости  ӯрорад намуда, моҳи декабри соли 2019 оиди ба шавҳар додани духтараш ба хеши наздикаш Бобохонов Суҳроб Рустамович розигӣ додааст.     

  Ғолибов Х.Қ. бо шунидани ин хабар моҳи январи соли 2020  якчанд маротибабо воситаи  телефон бо Нуров Н. Т. ҳамсуҳбат шуда, хоҳиш кардааст, ки барои оила барпо намудан бо духтараш иҷозат диҳад, чунки   бо охирин муддати 3 сол инҷониб  муносибатҳои ошиқона дорад. БаъданҒолибов Х.Қ. бо домодшавандаи ӯ Бобохонов С.Р. 14 январи соли 2020  тахминан соати 1520 дақиқа ба  хонаи Нуров Н.Т. меоянд.  Нуров Н.Т. аз онҳо хоҳиш мекунад, ки вориди ҳуҷраи истиқоматии ӯ шаванд ва худ бо сабабҳои дар боло зикршуда нисбати Ғолибов Х.Қ. хусумат пайдо карданаш ба анҷомхона рафта, аз онҷо як адад кордро гирифта дартасмаи шимаш гузошта, ба назди  онҳо омадааст.

    Ҳангоми дар ҳуҷраи истиқоматӣ  суҳбат намудан Ғолибов Х.Қ. боз такрор мекунад, ки бо духтари ӯ Нурова Д.Н. муддати 3 сол аст муносибатҳои ошиқона дорад  ва мақсади бо  ӯ оила барпо карданро дорад. Дар ин ҳолат Нурова Д.Н., ки дар назди онҳо ҳузур дошт, суханҳои Ғолибов Х.Қ.-ро рад намудааст.  Аз шунидани  ин суханҳо Нуров Н.Т. ба ғазаб омада, кордро бо дасти росташ гирифта, ба тарафи қисми гардани Ғолибов Х.Қ. ду маротиба зарба мезанад,  ки  азҷароҳатҳои бардошта  Ғолибов Х.Қ.   ба ҳалокат расидааст.  

    Нисбати Нуров Н. Т. аз тарафи шӯъбаи тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими прокуратураи вилояти Хатлон бо аломатҳои моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди анҷоми тафтишӣ пешакӣ ба суд ирсол гардидааст.   

    Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон аз 30 апрели соли 2020 Нуров Нурмуҳаммад Товуловид бо аломатҳои моддаи 104 қисми 1 КҶ Ҷумҳури Тоҷикистон  гунаҳгор дониста шуда, ба   ӯ ҷазо  дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ  ба муҳлати 14 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт таъйин  карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ