Хабарҳо

Ба қатл расонидан

   Ғуломов Рамазон Мусоевич  сокини шаҳри Норак,  Ҷамоати деҳоти Пули Сангин, маҳаллаи Тутқавул 25.03.2020 сол  дар заминаи муноқишаи оилавӣ соатҳои тахминан 15:20 даққиқа дар нишонии шаҳри Норак, кӯчаи Бародарон, бинои №24, ҳуҷраи №7, ҳамсараш Нозирова Шаҳноза Тағоймуродовнаро нӯҳ маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳимаш бо корд задааст, ки охирон аз ҷароҳатҳои бардоштааш ба ҳалокат расидааст. Сипас бо мақсади куштори модарарӯсаш Ғоибназарова Асият, ки  онҷо ҳузур доштааст ба шикам ва дасти рости ӯ бо корд зада, бо сабабҳои ба ӯ вобастанабуда куштори модарарӯсашро ба анҷом расонида натавонистааст.

   Прокуратураи  шаҳри Норак 25 марти соли 2020 нисбати Ғуломов Р.М. бо аломатҳои моддаи 104 қисми 1, 32 қ.2-104, қ.2 банди “а” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ онро ба суд ирсол кардааст.

   Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон  аз 09.06.2020 сол  Ғуломов Рамазон Мусоевич бо аломатҳои моддаи 104 қисми 1, 32 қ.2-104, қ.2 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба муҳлати 19 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми сахт  маҳкум карда шуд.

 

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ