Хабарҳо

ХУСУМАТ ВА ҚАТЛ

 Сайфиддинов Парвизҷон Абдуқаҳорович дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, деҳоти Хистеварз бо ахди оилаашон зиндагонӣ карда, бинобар рафтору кирдори ҳамсари бародараш Абдусаломзода С., ки ӯро мунтазам бо баҳонаи бекоргардию тайёрхӯрӣ таҳқир менамуд, нисбати Абдусаломзода С. ҳисси бадбинӣ пайдо намудааст.

  Сайфиддинов П.А. ҳамчунин нисбати духтарчаи ҳамсари бародараш, хурдсол Аюбова Қ.С. низ нафрат намуд, ки аз шавҳари аввалаи Абдусаломзода С. буда, ҳамроҳи модараш ҳамчун узви оилаи бародараш зиндагӣ мекард. Ӯ нисбати духтарчаи хурдсол хусумат дошта, пайваста онҳоро таҳқир мекард.

  Бо сабаби ҷанҷоли оилавӣ ду маротиба бе иҷозати шавҳар ва падару модари ҳамсараш ба хонаи падару модари худ ба шаҳри Исфара рафтани Абдусаломзода С.-ро ӯ камоли беэҳтиромию нописандӣ нисбати падару модараш ҳисобида, ҳисси бадбиниаш аз ин меафзояд ва баҳри ҷазо додан нақшаи қасди куштори онҳоро мекашад.

  Сайфиддинов П.А. бо мақсади амалӣ намудани нақшаи ҷинояткоронааш дар манзили истиқоматиашон хурдсол Аюбова Қ.С.-ро дар танҳой дида, бо мақсади ба қатл расонидани ӯ, ки ҳамагӣ 6 сол дошт ва дар ҳолати оҷизӣ қарор дошт, ба наздаш ҳозир шуда, бо истифодаи корди хоҷагӣ ба узвҳои ҳаётан муҳими Аюбова Қ.С. корд зада, номбурдаро ба ҳалокат мерасонад.

  Аз ин ҳолат модари хурдсол Абдусаломзода С. хабар гардида, бо мақсади раҳоии духтари хурдсолаш ба наздашон омада, мебинад, ки аллакай дар рӯи замин ба ҳалокат расидааст.

  Дар ин лаҳза Сайфидинов П.А. кирдори ҷинояткоронаашро идома дода, бо мақсади ба қатл расонидани Абдусаломзода С. ба номбурда якбора ҳуҷум намуда, бо бераҳмии махсус ба узвҳои ҳаётан муҳими ӯ бо корд зарба задааст, ки номбурда аз таъсири ин ҷароҳатҳои халандаи рагҳои калони хунгарди қисми чапи гарданаш ва хунравии зиёд ба ҳалокат расидааст.

Прокурори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров нисбати Сайфиддинов П.А. бо аломатҳои моддаи 104 қисми 2 бандҳои “а, в, г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, онро пас аз анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол кардааст.

   Бо ҳукми суди вилояти Суғд Сайфидинов П.А. дар содир намудани куштор гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ 22 сол маҳрум сохтан аз озодӣ бо нигоҳ доштан дар калонияи ислоҳии низомаш сахт ҷазо таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ