Хабарҳо

Бо роҳи қаллобӣ додани замин

 Исрофилов Исматилло Исроилович дар асоси қарори раиси ҷамоати деҳоти Косатароши ш.Панҷакент аз 02 сентябри соли 2015 то 21 феврали соли 2019 дар вазифаи мутахассис- заминсоз фаъолият намуда, моҳи октябри соли 2016 муроҷиати шаҳрванд Каримов Маҷнун, сокини ҳамин ҷамоатро барои гирифтани қитъаи замини наздиҳавлигӣ тариқи шифоҳӣ қабул намудааст.

  Исрофилов И.И. тибқи муроҷиати Каримов М. аз ҳудуди заминҳои фонди маҳаллӣ аҳолинишини деҳаи Муминободи ҷамоати зикршуда дидаю дониста, ки ҷудо намудани қитъаи замин ба ваколати ӯ дохил намешавад, бе қарори дахлдори раиси шаҳр ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқдиҳандаи шахс ба моликият, бо истифода аз мақоми хизматиаш, қитъаи замини холиро аз ҳисоби заминҳои фонди маҳалли аҳолинишин барои сохтмони манзили истиқоматӣ ба масоҳати 0,16 га ғайриқонунӣ ба охирон нишон дода, барои сохтани манзили истиқоматӣ иҷозат додааст.

  Ӯ бар ивазаш аз Каримов М.Н. якчанд маротиба аз моҳи октябри соли 2016 то моҳи марта соли 2019 бо роҳи фиреб дар маҷмӯъ 15 000 ҳазор сомонӣ гирифта, ба манфиатҳои шахсиаш харҷ намуда, ба номбурда ба миқдори махсусан калон зарари моддӣ расонидааст. Каримов М.Н. бошад, қитъаи замини ғайриқонунӣ ҷудонамудаи Исрофилов И.-ро барои сохтмони манзили истиқоматӣ ҳамвор намуда, дар он дарахтони гуногун шинонидааст.

  Ғайр аз ин, Исрофилов И. кирдорҳои ҷинояткоронаи худро идома до да, давоми соли 2017 бо ҳамин тарзу усул ба шаҳрвандон Туйгунов М., Абдураҳимов Ф., Сатторов С., Раҳимов М. ва Имомов X. аз ҳисоби заминҳои ғайрикишоварзӣ аз маҳалли аҳолинишин ба ҳар яке майдони 0,6 гектарӣ замини холиро ҳамчун замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда, бар ивазаш аз як то ҳашт ҳазор сомонӣ маблағ талаб намуда, аз номбурдагон гирифтааст. Исрофилов И. қитъаҳои замини мазкурро расман ҳуҷҷатгузорӣ накарда, бо ин кирдори қасдонаи худ ба шаҳрвандони номбурда зарари ҷиддии моддӣ расонидааст.

   Прокуратураи шаҳри Панҷакент нисбати Исрофилов И.И. бо аломатҳои моддаҳои 3381 қисми 2 бандҳои “а”, “в” ва 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди анҷоми тафтиш ба суд ирсол намудааст.

   Бо ҳукми суди шаҳри Панҷакент Исрофилов Исматилло Исроилович бо моддаҳои 3381 қисми 2 бандҳои “а”, “в” ва 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии гунаҳгор дониста пгуда, ба андозаи 1500 нишондиҳанда ҷарима барои ҳисобҳо, баробар ба 82500 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷазо таъйин карда шуда, ба муҳлати 4 сол аз ҳуқуқи ишғол шудан ба вазифаҳои муайян маҳрум карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ