Хабарҳо

Ба худкуши расонидан

 Раҳимов Гуломҷон Элашович, сокини деҳаи Гулафшони ҷамоати деҳоти "Ҳаёти нав"-и ноҳияи Ҷ.Расулов 08 ноябри соли 2001 бо шаҳрванд Раҳимова Онаҷон Исроиловна ақди никоҳ баста, оила барпо намудаанд. Дар давоми зиндагии якҷояашон Раҳимов Г.Э. бо ҳамсараш муомилаи бераҳмона карда, ӯро азобу уқубат ва нисбаташ зӯроварии ҷисмонӣ раво дида, мунтазам шаъну эътиборашро паст зада, лату кӯб кардааст.

  Раҳимов Г.Э. 11 феврали соли 2020 тахминан соати 21:00 дақиқа дар манзилй истиқоматиаш ҳамсараш Раҳимова О.И.-ро бо баҳонаи он, ки ба ӯ чойи хунук наовардааст, дар бистари хобаш бо дастонаш ба узвҳои баданаш зада, ҷароҳатҳои ҷисмонӣ расонидааст.

   Дар натиҷаи ин кирдори бераҳмона ҳамсараш Раҳимова О.И. 13 феврали соли 2020 тахминан соати 17:30 дақиқа дар болои боми оғилхонаи манзили истиқоматиаш бо роҳи худовезӣ даст ба худкушӣ зада, ба ҳалокат расидааст.

   Нисбати Раҳимов Г.Э. 22 феврали соли 2020 аз чониби прокуратураи ноҳияи Ҷ.Расулов бо қисми 2 моддаи 109 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди ба анҷом расидани тафтиши пешакӣ ба суд ирсол карда шудааст.

   Бо ҳукми суди ноҳияи Ҷ.Расулов аз 02 апрели соли 2020 Рахимов Гуломҷон Элашович дар содир намудани ҷиноятӣ бо моддаи 109 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ба худкушӣ расонидан) пешбинишуда гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 сол адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дорой низомаш пурзӯр таъйин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ