Хабарҳо

Тасарруфи ошкорои амвол

 Ҷалолов Бахтиёр Шавкатович, 23 октябри соли 2019 аз ҷониби комиссияи даъватии шаҳри Ҳисор ба хизмати ҳарбӣ даъват гардида, ба ӯ дар рафти адои хизмати ҳарбӣ дар асоси фармони  командири қисми ҳарбии 3501 Қӯшунҳои дохилӣ аз 03 то 12 феврали соли 2020 ба муҳлати 10 шабонарӯз рухсатии навбатӣ дода шудааст.    

Ӯ дар давраи дар маҳалли зисташ, воқеъ дар шаҳри Ҳисор қарор доштан бо рафиқаш Муҳаммади Маҳмадалӣ вохӯрда, шаҳрванди ноболиғ Сангинов Салимҷон Асатуллоевичро  ҳадафи ҷинояти худ қарор додаанд.

  Муҳаммади М. дар назди бинои намояндагии ширкати «Мегафон» дар шаҳри Ҳисор ноболиғ Сангинов С.А.-ро ба наздаш даъват намуда, ба номбурда муроҷиат кард, ки телефони мобилиашро ба Ҷалолов Б. Ш. диҳад, то ӯ бо падару модараш суҳбат кунад. Сангинов С. А.  хоҳиши ӯро рад намуда, телефони мобилиашро надодааст.  Пас аз ин Муҳаммади М. ба ғазаб омада, бо мақсади амалӣ намудани қасди пешгирифтааш,  шаҳрванд Сангинов С. А.-ро таҳдиди лату куб карда, бо ин восита телефони мобилии охиринро бо роҳи истифодаи қувваи ҷисмонӣ аз ҷайби Сангинов С. А. гирифта, ба шарики ҷиноятиаш Ҷалилов Б. Ш. дод. Сангинов С. А. бо  мақсади  ҳимоя аз моликияти  шахсияш  кушиш  кард, ки  Ҷалилов Б.Ш.-ро пайгирӣ намуда, телефони мобилиашро аз номбурда баргардонида гирад.  Вале Муҳаммади М. ба Сангинов С. А. монеа шуда, бо роҳи истифодаи зуроварӣ охиринро аз пой афтонид. Сипас, онҳо бо мақсади дур мондан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва пинҳон шудан аз мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз дохили телефони мобилии бо роҳи ҷиноят ба дастовардаашон симкортро  гирифта, ба ҷуйбор партофта, тамоми рақамҳои мобилии дар хотираи ин телефон сабтбударо тоза карданд. Баъдан, онҳо ба назди маркази дилхушии «Нисо» рафта, барои фурӯхтани телефони мобилии зикршуда ва бо ин восита ба даст овардани даромад, ба ҷустуҷӯи харидор машғул гардиданд. Тахминан соатҳои 19:00 Ҷалолов Б. Ш. ва шаҳрванд Муҳаммади М. дар назди маркази дилхушии «Нисо» аз ҷониби кормандони  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи  шаҳри Ҳисор дастгир гардиданд.

   Нисбати Ҷалолов Б. Ш. ва Муҳаммади М. бо моддаи 248 қисми 2 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (тасарруфи ошкорои молу амвол) парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, баъди анҷоми тафтиши пешакӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ  ба суд ирсол карда шуд.

   Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 27 апрели соли 2020   Ҷалолов Бахтиёр Шавкатович  ва Муҳаммади Маҳмадалӣ дар содир намудани ҷиноятӣ дар  моддаи 248 қисми 2 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон  гунаҳгор дониста шуда, нисбаташон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озоди ба муҳлати 6 солӣ таъйин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ