Хабарҳо

ҲУҚУҚҲОИ ШАҲРВАНДОН ҲИМОЯ КАРДА МЕШАВАНД.

 Прокуратураи шаҳри Душанбе дар якҷоягӣ бо кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҳолатҳои ғайриқонунӣ ба муомилот баровардани маводҳои дорувории пастсифат ва қалбакӣ, ба таври сунъӣ баланд бардоштани нархи дорувориҳо ва лавозимотҳои тиббиро дар дорухонаҳои шаҳри Душанбе мавриди санҷиш қарор дод.

 06 майи соли 2020 ҳангоми гузаронидани санҷиш дар шаҳри Душанбе муайян карда шуд, ки як қатор соҳибкорон ва шаҳрвандони алоҳида, бо истифода аз вазъи хуруҷи пандемияи ба вуқуъомада бо роҳи фиреб кардани истеъмолкунандагон нархи доруҳои зидди вирусиро якчанд маротиб қимат намуда, ба шаҳрвандони алоҳида фурӯхтаанд.

  Чунончи, дар натиҷаи хариди санҷишӣ дар дорухонаи №29-и ҶДММ “Шифои Сино”, воқеъ дар кӯчаи Ҳилолӣ 17 маълум карда шуд, ки шаҳрванд Таҷалов Исмоил Бобоназарович, санаи таваллудаш 28 феврали соли 1966, бидуни маълумоти махсуси фармасевтӣ ба фурӯши маводҳои доруворӣ машғул шуда, 5 адад қуттии дорувориҳои зиддивирусии “Арбидол”-ро, ки нархи як адади он 45-57 сомонӣ дар фурӯш муқаррар шудааст, ба харидори шартӣ бо нархи 250 сомонӣ ҷамъ ба маблағи 1250 сомонӣ фурухта, даст ба фиреби истеъмолкунанда задааст.

  Ҳамзамон, дар натиҷаи азназаргузаронии ин дорухона 4 номгӯи маводҳои доруҳои муҳлати истеъмолашон гузашта дарёфт ва аз муомилот гирифта шуд.

  Ё ин, ки зимни гузаронидани санҷиш маълум гардид, ки шаҳрванд Саидов Абдурофеъ Абдумаликович, санаи таваллудаш 23.11 соли 1984, сокини шаҳри Душанбе, к.К.Сеткина 337, бидуни маълумоти махсуси фармасевтӣдар дохили автомашинаи худ тамғаи Тойота-Кемри 100 адад ниқобҳои тиббии махсус, 50 адад дорувории "Левофлаксатсин", 5 адад доруи “Арбидол”, 5 адад доруи “Азитромитсин”, 5 адад доруии “Эргоферон”-ро берун аз дорухонаи худ, воқеъ дар хиёбони И.Сомонии ноҳияи Сино нигоҳ дошта, нархи онҳоро ба маротиб зиёд намуда, ба фурӯш гузоштааст.

  Дар натиҷаи санҷиши дорухонаи мансуб ба Саидов А.А., инчунин 3 номгуи доруҳои муҳлати истеъмолашон гузашта, 15 номгуи доруҳои бе сертификат ва бе ҳуҷҷатҳои расмии воридотӣ дарёфт ва аз муомилот гирифта шуд.

  Ба ин монанд шаҳрванд Ёқубова Гулгунча Давроновна дар дохили автомашинаи шахсияш тамғаи Тойота-Кемри қайди рақами давлатиаш 7079 ҒҒ01 ба шаҳрвандон молҳои тиббии махсусро аз қабили 33 адад қутии дастпушакҳо бо нархи як куттии он 180 сомонӣ, либоси махсуси тиббӣ (скафандр) 55 дона бо нархи 120 сомонӣ, айнакҳои муҳофизатӣ 80 дона ба маблаги 30 сомонӣ бидуни ҳуҷҷатҳои расмӣ ва иҷозати Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фурӯш баровардаааст.

  Оиди ҳолати мазкур нисбати шахсони дар боло зикршуда бо аломатҳои моддаҳои 121 ва 627-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ оғоз карда шуда, номбурдагон ба ҷавобгарӣ кашида шуда, маҳсулотҳои дорувории мазкур барои муолиҷаи беморон ба Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе супорида шуданд.

  Инчунин, аз ҷониби гуруҳи кории прокуратураи ноҳияи Шоҳмансур 06 майи соли 2020 дар ин самт санҷиши прокурорӣ амалӣ карда шуда, муайян гардид, ки шаҳрванд Исмоилов Сафарбек Ҳасанович, санаи таваллудаш 11 феврали соли 1989, оиладор, соҳиби се фарзанд, маълумоташ миёна, сокини шаҳри Душанбе, кӯчаи Адҳамов 21 хонаи 7, дар дорухонаи воқеъ дар кӯчаи Н.Муҳаммад бинои 9, ба фурӯши доруворӣ машғул шуда, ба шаҳрвандон 10 қуттии доруи навъи "Арбидол" ҳар кадомаш ба маблағи 185-сомонӣ, аз нархи муайяншуда қиматтар фурухта, фоида ба даст овардааст.

  Нисбати Исмоилов Сафарбек Ҳасанович бо моддаи 294 қисми 2 банди “б”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, тафтиши пешакии он идома дорад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ