Хабарҳо

Рашк ва носолимии оила оқибат ба куштор расонид

 Раҳмонов Насимҷон Ҳакималиевич аз муносибати наздик ва маҳрамона доштани ҳамсараш Ҷумаева Муҳайё Ваҳобовна бо шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон-Маҳтовзода Низомиддин хабардор шуда, бо ӯ муноқишаи оилавӣ намудаааст.

Ҳамсараш Ҷумаева М.В., баъди муноқишаи оилавӣ аз манзили истиқоматиашон, воқеъ дар ноҳияи Рудакӣ, ҷамоати деҳоти Чимтеппа, деҳаи Ҳосилот баромада, ба манзили истиқоматии Маҳтовзода Низомиддин, воқеъ дар суроғаи ш.Душанбе, кучаи Н.Қарабоев, ки ҳамчун соҳибкор дар ҶДММ "Бозори Корвон" фаъолият мекард, меравад.

  11 июли соли 2019 Раҳмонов Н.Ҳ. аз рӯи ҳиссиёти рашк, бо мақсади одамкушӣ, яъне қасдан аз ҳаёт маҳрум сохтани одами дигар, ба манзили истиқоматии Маҳтовзода Н. рафта, бо мақсади амалй кардани қасди куштор оҳани рахпеч (арматура)-ро бо худ гирифтааст. Ба дохили даромадгоҳи бино расидан пае ҳамсараш Ҷумаева М.В.-ро дида, байнашон муноқиша ба миён омадааст, ки дар ин ҳолат Маҳтовзода Н. аз ошёнаи 11 -ум ба поён фаромадааст.

  Раҳмонов Н.Ҳ. бо оҳани рахпечи бо худ дошта ба узвҳои ҳаётан муҳим, фарқи сари Маҳтовзода Н. 2 маротиба зарба задааст, ки дар натиҷа номбурда аз ҷароҳатҳои бардошташуда дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

  Ҳамзамон Раҳмонов Н.Ҳ. пас аз ба қатл расонидани Маҳтовзода Н. бо мақсади қасдан расонидани зарари ҷисмонӣ ба Ҷумаева М.В. бо оҳани рахпечи дар дасташ буда 3 маротиба дар мавзеъи фарқи capва пешпанҷаи дасти росташ задааст, ки дар натиҷа Ҷумаева М.В. зарари миёна ба саломатиаш бардоштааст.

  Аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Фирдавсӣ И июли соли 2019 нисбати Раҳмонов Н.Ҳ. бо моддаи 104 қисми 1 ва моддаи 111 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва баъди ба итмом расонидани тафтишоти пешакии он ба суди ш.Душанбе ирсол шудааст.

  Бо ҳукми суди шаҳри Душанбе аз 20 октябри соли 2019 Раҳмонов Н.Ҳ. бо моддаҳои 104 қисми 1 ва 111 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 8 (ҳашт) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низомаш сахт таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ