Хабарҳо

ҶАЗОИ НАШЪАҶАЛОБОН

  23 июни соли 2019 Азизов Мусулмон Файзиллоевич ва Набиев Урал бо 10 килограмм воситаи нашъадори навъи “Афюн” дастгир шуда, дигар ҳамиштирокчиёни асосии маводи мазкур Хушвахтов Қаҳрамон Исомқулович, Ӯзбеков Аббдувалӣ ва Ӯзбеков Ғайбулло аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Дар рафти тафтиш аз манзили истиқоматии Холов Собир Файзуллоевич 2 килограмму 335 грамм маводи нашъаовари “Афюн” дарёфт ва охирин дастгир карда шуд.

  Ғаффоров Олим Облоёрович, Суюшов Нурулло Умарқулович ва Хуҷамқулов Абдувалӣ Шодиевич барои аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дур ва озод намудани ҳаммаслаконаш, ҳангоми додани 32 ҳазор доллари ИМА ва 70 ҳазор сомонӣ ба сифати порра аз тарафи кормандони прокуратураи шаҳри Панҷакент ва шуъбаи минтақавии мубориза бо ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд дастгир карда шуда, маблағи мазкур ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуданд.

Прокурори шаҳри Панҷакент нисбати Азизов М. ва Набиев У. бо моддаи 200 қисми 4 бандҳои “г,д”, нисбати Хушвахтов Қ.И. бо моддаҳои 200 қисми 3 бандҳои “а,в,г”, 200 қисми 4 бандҳои “г,д”, нисбати Холов С.Ф. бо моддаҳои 200 қисми 3 бандҳои “а,в,г”, 200 қисми 4 бандҳои “г,д” ва 320 қисми 2, нисбати Ӯзбеков А.Ф. ва Ӯзбеков Ғ бо моддаи 200 қисми 4 бандҳои “г,д”, нисбати Ғаффоров О., Суюшов Н. ва Хуҷамқулов А. бо моддаи 320 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор ва додани порра) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суди вилояти Суғд ирсол намудааст.

Бо ҳукми суди вилояти Суғд Ғаффоров О.О., Суюшов Н.У. ва Хуҷамқулов А.Ш. гунаҳгор дониста, ҳар яки он ба муҳлати 5 сол бо адои ҷазо дар калонияи ислоҳии низомаш пурзӯр аз озоди маҳрум карда шуда, нисбати Холов С.Ф., Хушвахтов Қ.И., Ӯзбеков А.Ф., Ӯзбеков Ғ., Азизов М. ва Набиев У., ки гунаҳгор дониста шуда буданд ҷазои ниҳоӣ дар намудани маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 13 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар калонияи ислоҳии низомаш сахт таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ