Хабарҳо

БЕРАҲМӢ

  2 июни соли 2019 тахминан соати 1630-1700 дақиқа Усмонзода Беҳруз ноболиғ Абдуллоев Исмоилҷон Ҷамшедовичро ба ҷангалзори осоишгоҳи ҷумҳуриявии кӯдаконаи «Қаратоғ»-и ноҳияи Шаҳринав бурда, аз хурдсолӣ ва дар ҳолати оҷизӣ қарор доштанаш истифода намуда, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум кардани номбурда, ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, ба воситаи санг, ки вазнаш 810 граммро ташкил медиҳад, ба қисмати бадани ноболиғ Абдуллоев И.Ҷ. зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст, ки аз ин ҷароҳатҳо номбурда ба ҳалокат расидааст.

  Ғайр аз ин Усмонзода Б. барои содир кардани ҷиноятҳои дӯздии молу мулки шаҳрвандон дар 13 лаҳза бо моддаи 244 2исми 3 банди “а” ва як лаҳзаи ҷиноят бо моддаи 339 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон айбдор дониста шуда, маҳкум гардидааст.

  Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати Усмонзода Б. бо моддаҳои 104 қисми 2, бандҳои “в, е” (одмакушӣ), 244 қисми 3 банди “а” (дуздӣ) ва 339 қисми 1 (тасарруф ё вайрон кардани ҳуҷҷат) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст. Тафтишоти пешакии ин парвандаи ҷиноятӣ аз тарафи прокуратураи ноҳияи Шаҳринав ба анҷом расонида, барои баррасӣ ба суд ирсол карда шудааст.

  Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Усмонзода Б. бо моддаҳои дар боло зикршуда пурра гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 10 сол бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш умумй таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ