Хабарҳо

ҚАЛЛОБӢ ДАР БОНК

 Мирзоев Ҷамшедҷон Қаландарович барон дар вазифаи эксперты қарзии ҶСП ТАҚХ "Имон Интернешнл" дар ноҳияи Деваштич фаъолият намуда, дар давоми фаъолияти хизматиаш бо истифода аз ваколатҳои мансабӣ бо мақсади ғайриқонунй додани кредит ва тасарруфи молу мулк бо роҳи фиреб ва сӯистифодаи боварй, бархилофи манфиатҳои Оинномаи ҷамъият амал намуда, дидаву дониста бо мақсади манфиатҳои шахсӣ, дархости шиносу рафиқони худро оиди додани қарз дуруст насанҷида, барои ғайриқонунӣ додани кредит мусоидат карда, қарзҳои гуногунҳаҷми кредита додааст.

 Дар натиҷа аз тарафи ҶСП ТАҚХ "Имон Интернешнл" дар ноҳияи Деваштич дар асоси шартномаи қарзӣ ба Собирова З.Ш., Ҳоҷибоқиев Р.Ш., Бобоев Э.А. ва дигарон дар маҷмӯъ ба 8 нафар маблағҳои гуногун аз рӯзи гирифтани кредит бо ситонидани фоизҳои муайяни солона қарз додааст. Қисми шахсони номбурда баъди гирифтани маблағҳои пулии қайдшуда аз бонк, худи ҳамон рӯз қисми маблағи муайянкардашударо бо пешниҳоди Мирзоев Ҷ.Қ. бармегардонад. Мирзоев Ҷ.Қ. ин маблағҳои пулии ғайриқонунй ба даст овардаашро тасарруф ва ба эҳтиёҷоти худ сарф намудааст, ки дар натиҷа ба бонк дар маҷмӯъ ба маблағи 110 981,76 сомонй зарари ҷиддӣ расонидааст.

Прокуратураи ноҳияи Шаҳристон нисбати Мирзоев Ҷ.Қ. бо моддаҳои 247 қисми 4 банди "б" (қаллобй), 265 (ғайриқонунй додани кредит) ва 295 қисми 1 (сӯиистифодаи ваколат аз ҷониби кормандони ташкилотҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, бо анҷоми тафтишоти пешакй онро ба суд ирсол намудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Шаҳристон Мирзоев Ҷ.Қ. гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои ниҳои ба мухдати 9 сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дорои низомаш пурзӯр, бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои роҳбарикунанда ва дигар вазифаҳои ҷавобгарии моддидошта дар соҳаи бонкӣба муҳлати 4 сол таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ