Хабарҳо

НИШАСТИ МАТБУОТӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛӢ ДАР СОЛИ 2019

 28 январи соли 2020 дар асоси Нақшаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ташкил ва гузаронидани нишастҳои матбуотӣ дар вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти фаъолият дар соли 2019 дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Мушовири бахши ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Сироҷзода С. бо намояндагони воситаҳои ахбори омма нишасти матбуотии Прокурори генералӣ баргузор гардид.

  Дар он сараввал Прокурори генералии Ҷумҳурии Тодикистон, генерал-полковники адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод доир ба фаъолияти мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 баромад карда, қайд намуд, ки аз ҷониби кормандони мақомот вобаста ба назорати иҷрои қонунҳо ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд 5338 санҷишҳо гузаронида, ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 24206 санадҳои эътиноии прокурорӣ татбиқ ва бо натиҷаи баррасии онҳо 36331 нафар ба ҷавобгарии интизомӣва моддию маъмурӣ кашида шуда, 2688 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.  Бо дахолати прокуророн 598 млн. сомонӣ, аз он 303 млн. сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шуд. Дар раванди назорат ба риояи қонунгузории андоз ҷиҳати бартараф намудани қонунвайронкуниҳои ошкоршуда 2415 амр, 393 эътироз, 341 пешниҳод оварда, 197 нафар ба ҷавобгарии интизомӣ ва 2495 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуда, 72 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 263,7 млн. сомонӣ бақияпулиҳои андоз ба будет ворид карда шудааст. Риояи қонунгузории замин дар маркази диққат қарор дошта, ҷиҳати бартараф намудани қонуншиканиҳо дар ин самт 7171 санадҳои эътиноии прокурорӣ татбиқ ва 4138 нафар ба давобгарии интизомию маъмурӣ кашида шуда, 883 парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва 8196 гектар қитъаи замин ба ҳолати аввала баргардонида шуд. 

   Вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 1350 қонуншиканӣ ошкор ва нисбати шахсони гунаҳкор 494 парвандаҳои маъмурӣ оғоз карда, баҳри бартараф намудани қонунвайронкуниҳо 113 амр дода, 405 нафар шахсони масъул ба ҷавобгарии интизомӣ кашида шуданд.

  Дар рафти санҷишҳо оид ба риояи Қонуни Ҷумҳурии Тодикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»қонуншиканиҳои зиёд ошкор карда шуда, 3139 нафар ба ҷавобгарии интизомию моддӣ ва маъмурӣ кашида,145 парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуд.

   Дар соли 2019 аз тарафи ноболиғон ва бо иштироки онҳо 873 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта 34 ҷиноят кам мебошад.

   Дар ин давра дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 21966 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст.

  Муфаттишони прокуратура дар ин давра тафтиши 4105 парвандаи ҷиноятиро ба итмом расонида, 3378 адади онро барои баррасӣ ба суд ирсол намудаанд. Дар рафти тафтиши ин парвандаҳои ҷиноятӣ 114,7 млн. сомонӣ зарар, аз ҷумла 21,0 млн. сомонӣ ба манфиати давлат барқарор карда шуд.

Прокуророн дар баррасии 9886 парвандаи ҷиноятӣ иштирок намуда, ба санадҳои судӣ 368 эътирозҳои хусусию кассатсионӣ ва назоратӣ овардаанд.

  Ба судҳо 820 даъво ба маблаги 451 млн. сомонӣ пешниҳод карда шудааст.

  Ба баррасии саривақтӣ ва пурраву холисонаи муроҷиатҳои шахсони воқеию ҳуқуқӣ дар мақомоти прокуратура диққати хосса дода шуда, дар ин давра 43114 муроҷиатҳо ворид гардида, аз ин 13740 адад муроҷиат баррасӣ карда шуданд.

  Аз ҷониби прокуророн ба тарғибу ташвиқи қонунҳо ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ диққати зарурӣ дода шуда, дар байни аҳолӣ, муассисаву ташкилотҳо ва қисмҳои ҳарбӣ 12224 маротиба суҳбату вохуриҳо гузаронида шудаанд.

  Мақомоти прокуратура дар оянда низ ҷихати таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ тамоми чораҳоро меандешад.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ