Хабарҳо

АЗОНИХУДКУНИ, ҚАЛЛОБИ ВА СОХТАКОРӢ...

 Мамадбоқирзода Олимҷон Баҳром ҳамчун раиси Раёсати ҷамъияти матлуботи ноҳияи Ҷ.Расулови вилояти Суғд фаъолият намуда, шахси масъул ба ҳисоб рафта, дар давоми солҳои 2017-2018 ва моҳҳои январ- феврали соли 2019 сӯзишвории дизелӣ ба микдори 24361 литр ба маблағи 68716 сомонӣ, сӯзишвории гази моъе ба миқдори 4700 литр ба маблағи 11.750 сомонӣ, маҳсулоти картошка ба микдори 15000 кг. ба маблағи 12.750 сомонӣ, як адад воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс» ба маблағи 10.612 сомонӣ, масолеҳи сохтмонии тахта ба микдори 39,51 куб ба маблағи 53.701 сомонӣ, маҳсулоти тамокӯи «Милано» ба микдори 3000 қуттӣ ба маблағи 6000 сомонӣ, маҳсулоти ҷав ба микдори 22.000 кг ба маблағи 6.600 сомонӣ, 3200 кг помидор ба маблағи 6.400 сомонӣ ва 2000 кг афлесунро ба маблағи 13.000 сомонӣ расдар маҷмӯъ молу маҳсулотҳои Раёсати ҷамъиятиро ба маблағи 870.484 сомонӣ, ки аз рӯи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо қарорҳои судӣ ба манфиати давлат мусодира гардида, тибқи иҷроварақаҳои Хадамоти иҷро дар ноҳияи Ҷ. Расулов ба ихтиёрдории худ барои минбаъд тариқи музояда фурӯхтан қабул намудааст. Ин микдор амволи мусодирашударо ба тавозуни анбори ҷамъияти матлубот нагирифта, онҳоро тасарруф намуда, ба давлат ба маблағи 870.484 сомонӣ зарари махсусан калони моддӣ расонидааст.

  Прокурори ноҳияи Ҷаббор Расулов аз рӯи ин ҳолат нисбати Мамадбоқирзода О.Б. бо модцаҳои 245 қисми 4 банди «б», 247 қисми 4 банди «б» ва 340 қисми 2 банди «а» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (азонихудкунӣ, қаллобӣ ба микдори махсусан калон ва сохтакорӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд фиристонидааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Ҷ.Расулов Мамадбоқирзода О.Б. гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣба муҳлати 11 сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ба муҳлати 5 сол бо адои ҷазо дар калонияҳои ислоҳии дорои низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ