Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

ҚАТЛИ ЗАНИ ҲОМИЛАДОР АЗ ТАРАФИ ШАВҲАР

 Алимов Олимҷон Тоҷиддинович 18 ноябри соли 2018 бо шаҳрванд Назарова Суманмоҳ Ҳасановна тариқи никоҳи исломӣ оила барпо намудаанд. Дар давоми зиндагонии якҷояашон байн онҳо нофаҳми ва муноқишаҳо capмезадааст.

  24 марти соли 2019 Алимова О.Т. дар рафти муноқишаи навбатӣ дар дохили манзили истиқоматиашон воқеъ дар суроғаи деҳоти 20 солагии Истиқлолияти Тоҷикистони ноҳияи Вахш бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани ҳамсари ҳомиладораш Назарова С.Х. бо роҳи буғӣ кардан ва баъдан бо истифодаи корди хоҷагӣ се маротиба ба тарафи чапи чашми рост ва як маротиба ба қисмати қафои миёнаш зарба зада охиронро ба ҳалокат мерасонад.

 Сипас, бо мақсади пинҳон намудани ҷинояти содирнамудаи худ бо белу каланд фарши яке аз ҳуҷраи хонаашро канда ҷасади ҳамсараш Назарова С.Х.-ро зери хок мекунад.

  Аз рӯи ин ҳолат прокурори вилояти Хатлон нисбати Алимов О.Т. бо моддаи 104 қисми 2 банди “д” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (кӯштани зани ҳомиладор) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ он ба суд ирсол намудааст.

  Бо ҳукми коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии суди вилояти Хатлон Алимов О.Т. дар содир намудани ин ҷиноят пурра гунаҳгор дониста шуда ,ба ӯ ҷазои махруми аз озодӣ ба мӯҳлати 22 сол бо нигоҳ доштан дар коллонияҳои низомашон пурзӯр ва аз ин 5 сол бо нигоҳ доштан дар маҳбас ҷазо таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ