Хабарҳо

ДАСТ ЗАДАН БА МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ АСЪОРИ ХОРИҶӢ

 Шарипов Давлатали Шералиевич дар бозори Ҷамъияти дорои маъулияташ махдуди “Фаровон-Қӯрғонтеппа”-и шаҳри Бохтар ба хариду фурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ машғул гардида, 19 майи соли 2019 маблағи 20 ҳазор рубли русӣ (152) баробар ба 3040 ва 2 ҳазору 800 доллари ИМА-ро (9 сомонӣ 95дирам) баробар ба 30 ҳазору 900 сомонӣ харидааст.

 Шарипов Д.Ш. аз тарафи прокуратураи шаҳр бо моддаи 286 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (додугирифти ғайриқонуни бо асъори хориҷӣ)ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, бо ҳукми суди шаҳри Бохтар гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазо дар намуди ҷарима татбиқ карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ