Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНИ БО АСЪОРИ ХОРИҶӢ

 Раҳимов Абдусубҳон Латифович 29 майи соли 2019 тахминан соати 12:30 дақиқа дидаю дониста, ки муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ ба ноустувории қурби асъори миллӣ, беқадр ва паст шудани он оварда расонида, дар натиҷа ба низоми пулию кредитӣ зарар мерасонад, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Деҳмойи ноҳияи Ҷаббор Расулов аз харидори шартӣ барои фурӯши 10 адад нишастгоҳи оҳанини замонавӣ 232 ҳазор рубли рӯсӣ, баробар ба 33 ҳазору 895 сомонию 20 дирам гирифта, гайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ муомилот кардааст.

  Прокурори ноҳия нисбати Раҳимов А.Л. бо аломати моддаи 286 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ огоз карда, онро бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ва тасдиқи фикри айбдорӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд фиристонидааст. Бо ҳукми суди ноҳия Раҳимов Абдусубҳон Латифович дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 27 ҳазор 500 сомонӣ ба фоидаи давлат таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ