Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Гузаронидани бори қочоқ

 12 майи 2019 сол   Воҳидов Зафар Тоҳирович, санаи таваллудаш 11 апрели соли 1972, сокини шаҳри Исфара аз рӯи маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванди Ҷумҳурии Қирғизистон бо номи «Алмазбек», ки шахсияташ ба тафтишоти пешакӣ номаълум аст, бо мақсади бо роҳи қочоқ ворид намудани молу маҳсулот ва бо ин роҳ ба даст овардани даромади муфт бо ҳам вохӯрда, маслиҳат мекунанд, ки тариқи қочоқ аз ҳудуди Ҷумҳурии Қирғизистон бо роҳҳои пинҳонӣ чӯбу тахтаро ба ҳудуди шаҳри Исфара ворид намоянд.

  Дар ин асно, санаи 14.05.2019 сол шахси шахсияташ ба тафтишот номаълум бо номи Алмазбек, 91 метри куби чӯбу тахтаро бо арзиши 182.000 сомонӣ, ки миқдори калон ба ҳисоб меравад, бидуни барасмиятдарори гумрукӣ бо роҳи пинҳонӣ ба назди фермаи “Суфра Боқиев”-и ҷамоати Шаҳраки шаҳри Исфара ворид мекунад. 

       Дар навбати худ Воҳидов З.Т. дар асоси нақшаи пешакии таҳия намудаашон 6 адад воситаҳои накдиётӣ аз ҳудуди шаҳри Исфара киро намудаашро бо худ гирифта, ба ҷойи таъиншуда омада, барои пинҳон намудани кирдори ҷиноятии худ чӯбу тахтаро ба автомашинаҳои боркашони мансуб ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бор карда, соати 03.00 шаби 14 ба 15.05.2019 сол бо мақсади ба фурӯш баровардан бо роҳҳои пинҳонӣ ба ҳудуди шаҳри Конибодом интиқол дода, бо ин роҳ ба давлат ба миқдори 30.145 сомони зарари калони моддӣ расонидааст.

Оиди ҳолати мазкур 15.05.2019 сол аз ҷониби прокурори шаҳри Конибодом нисбати Воҳидов Зафар Тоҳирович парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 289 қисми 2 КҶ Ҷумхурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, пас аз ба итмом расонидани пешбурди тафтиши пешакӣ парвандаи ҷиноятии мазкур бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ  ба суди шаҳри Конибодом барои баррасӣ ирсол карда шудааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Конибодом аз 09 июли соли 2019 Воҳидов Зафар Тоҳирович бо моддаи 289 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ бо дастрасии м.63 ҳамин кодекс ҷазо дар намуди ҷарима ба андозаи 250 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 13.750 сомонӣ таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ