Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

ОҚИБАТИ ТАМАЪҶУИ

 Тахминан моҳҳои июн-июли соли2017 мутахассиси пешбари Кумитаи идораи замини шаҳри Душанбе Наботов Баҳром Садуллоевич барои 300  метри мурабба замини иловагии назди ҳавлии шаҳрванд Раҳмонов Аскар Акбархоновичро дар Сертификати ҳуқуқи истифодаи замини ӯ дохил намудан ва аз нав тайёр кардани дигар ҳуҷҷатҳои  манзили истиқоматиаш маблағи 3000 доллари ИМА-ро ҳамчун пора талаб намудааст.

  Наботов Б.С. маблағи зикргардидаро аз Раҳмонов А.А. дар чанд лаҳза гирифта, ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаро оид ба истифодаи қитъаи замин дар масоҳати 900 метри мураббаъ омода намуда, барои истифодабарӣ ба соҳибмулк додааст. Раҳимов А.А. барои баргардонидани қисми маблағҳои ба сифати пора додааш ба Наботов Б.С. муроҷиат менамояд.

Бо ин мақсад Наботов Б.С. 15 марта соли 2019 тахминан соати 11 Раҳмонов А.А.-ро ба кӯчаи Соҳилии шаҳри Душанбе даъват намуда, барои ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат накарданаш маблағи 500 доллари ИМА-ро бозпас мегардонад, ки ҳангоми баргардонидани маблағи қаблан ба сифати пора гирифтааш дар ҷойи ҳодиса дастгир карда шудааст.

Прокурори шаҳри Душанбе нисбати Наботов Б.С. ва дигарон бо моддаи 319 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (гирифтани пора) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд ирсол намудааст, ки бо ҳукми суд Наботов Б.С. гунаҳгор дониста шуда, амаҳкум кардаш шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ