Хабарҳо

ВОЛОИЯТИ ҚОНУН

 20 августа соли 2019 Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти прокуратурам Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба ҷашн гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори меҳмонхонаи «Хилтон»-и шаҳри Душанбе дар ҳамкори бо Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон дар мавзӯи «Нақши мақомоти прокуратура дар таъмини волоияти қонун ва мубориза бо ҷинояткорӣ дар даврони Истиқлолияти давлатӣ» мизи мудаввар баргузор намуд.

  Тибқи Барномаи мизи мудаввар мавзӯъҳо дар борам таърихи мақомоти прокуратура дар даврони Истиқлолияти давлатӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд - яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти прокуратура, робитаи самараноки илм ва амалия-асосӣ рушди мақомоти прокуратура дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ва ғайра мавриди баррасӣ ва муҳокимарониҳо қарор дода шуданд.

  Дар кори мизи мудаввар намояндагон аз Прокуратурам генералӣ, Донишкада, Суди Олӣ, Суди Олии Иқтисодӣ, Вазоратҳои корҳои дохилӣ ва адлия, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Агентам назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Агенти назорати маводи нашъаовар, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Намояндаи Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон, инчунин 6 нафар собиқадорони мақомоти прокуратура ҷамъ 40 нафар иштирок ва дар муҳокимарониҳо ширкат варзиданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ