Маҷалла

Журнал

Хабарҳо

Оқибати даст задан бо омилҳои корупсиони

 14 феврали соли 2019 ҳангоми гузаронидани санҷиш аз тарафи Муҳаммадаброри Идрис сардори шуъбаи назорати фармокологии маводи дорувории Сарраёсати назорати давлатии фаъолияти фармасевтии Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз анбори нигохдории маҳсулотҳои дандонпизишкии ҶДММ “Стамадент” ҳолати бидуни сертификат мутобиқат нигохдории маҳсулотҳои мазкурро муайян карда шуда, онҳоро ба анбори корхонаашон дастрас намудааст.

  Сипас Мухаммадаброри И. ҳамчун шахси мансабдор аз шаҳрванд Раҳмотов Ҳусниддин Шарофитдинович бо тахдиди барасмият даровардани ҳолати мазкур ва ҳамзамон несту нобуд кардани ин молҳо, ки чунин ҳаракат ба доираи ваколаги хизматии ӯ дохил мебошад ва вобаста ба мавқеи маисабиаш ба чунин ҳаракат мусоидат карда мегавонад, маблағи 7000 доллари ИМА талаб карда, аз он 20 феврали соли 2019 дар наздикии бинои «Опера ва балети ба номи "С.Лйнӣ” маблағи 3000 доллари ИМА ва 4000 сомонӣ ва 21 феврали соли 2019 дар утоқи кориаш, воқеъ дар бинои Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимои аҳолӣ маблаги 500 доллари ИМА ба сифати пора гирифгааст. Баъдан, санаи 22 феврали соли 2019 Мухаммадаброри И. ҳамчун шахси мансабдор бо ёрдами бевоситаи мутахассиси шуьбаи назорати маводҳои ороишию гигиенӣ ва гизои кудаконаи Хадамоги мазкур Файзиддини Ашуралӣ аз шаҳрванд Раҳмонов Ҳ.Ш. боқимонда маблаги 2000 доллари ИМА-ро дар назди тарабхонаи «Шаҳрисабз», воқеъ дар шаҳри Душанбе, кӯчаи Қ.Раҳимов ба сифати пора тамаъ карда гирифта, ғайриқонунӣ бидуни гузаронидани ташхиси дахлдор маводҳои дандонпизишкии охиронро аз анбори Хадамоти зикршуда ҷавоб додааст.

  Бо ҳукми суди ноҳияи И.Сомони ш.Душанбе аз 07 июни соли 2019 Мухаммадаброри Идрис дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 319 қисми 4 бандҳои “в,г” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 9 (нӯҳ) сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишголи мансабҳои роҳбарикунанда дар корхона ва муассисаҳои давлатӣ ба муҳлати 5 (панҷ) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорой низомаш пурзӯр ва Файзиддини Ашуралй бо моддаи 36 қисми 5-319 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда нисбаташ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 4 (чор) сол бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян дар корхона ва муассисаҳои давлатӣ ба муҳлати 3 (се) сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорой низомаш пурзӯр таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ