Хабарҳо

ХУДСАРӢ

  Шарипов Исомудцин Ҳанифович вазифаи хазинадори МХБ №3-и ҶСК «Соҳибкорбонк»-ро дар бозори «Фаровон»-и шаҳри Бохтар ба уҳда дошта, бидуни доштани иҷозатномаи дахлдор бо мақсади ба даст овардани фоида маблағи 2000 рубли рӯсӣ баробар ба 284 сомониро аз харидори шартӣ иваз намудааст.

 Прокуратураи вилояти Хатлон нисбати Шарипов И.Ҳ. бо моддаи 541 Кодекси ҳуқуқваӣронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқваӣронкунии маъмурӣ оғоз ва барои баррасӣ ба суди шаҳри Бохтар ирсол намуд, ки аз тарафи суд Шарипов И.Х,. ҷарима карда шуд.

 Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ