Хабарҳо

Замин моликияти истисноии давлат мебошад

   Шаҳрванд Ҷаниқулов С. И., зодаи вилояти Хатлон, ноҳияи Вахш ва истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ, ҷамоати деҳоти Эсанбой дидаю дониста, ки мувофиқи талаботи моддаи 13 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон замин моликияти истисноии давлат ба ҳисоб рафта, истифодаи самараноки онро давлат ба манфиати халқ кафолат медиҳад, дар давоми солҳои 2017-2018 худсарона масоҳати 2160 метри мураббаъ қитъаи замини кишоварзӣ (лалми)-и хоҷагии ёрирасони ҳарбии «Душанбе-и Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро воқеъ дар деҳаи Саёдчашмаи ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ ғайриқонунӣ ишғол карда, бе иҷозати мақомотҳои дахлдор дар он таҳкурси бо сайгу бетон рехта, деворҳои онро бо хишти гилӣ сохтмон намудааст.

  Тибқи харитаи заминистифодабарии хоҷагии ёрирасони ҳарбии «Душанбе»- и Вазорати мудофиа шаҳрванд Ҷаниқулов С. И. дар масоҳати 2160 метри мураббаъ қитъаи заминро ишғол намуда, дар масоҳати 18 метри мураббаъ, дар тарҳи № 850 ба ин хоҷагӣ таалуқ дошта, сохтмон намудааст.

Аз рӯи ин ҳодиса 14-январи соли 2019 нисбати шаҳрванд Ҷаниқулов С. И. бо аломатҳои моддаи 338 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, баъди анҷоми тафтишоти пешакь парвандаи ҷиноятӣ бо тасдиқи фикри айбдоркунй барои моҳиятан баррасй намудан ба суди ҳарбй фиристонида шудааст.

Бо ҳукми суди ҳарбии гарнизони Душанбе аз 15-феврали соли 2019 Ҷаниқулов С. И. бо аломатҳои моддаи 338 қисми 2 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда , нисбати ӯ ба андозаи 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар ба 5 ҳазор сомонӣ ҷазои ҷарима таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ