Хабарҳо

ҲЕҶ ЯК ҶИНОЯТ БЕ ҶАЗО НАХОҲАД МОНД

   Носиров Эҷод Рустамҷонович ва Нуридцинов Алишер Аминҷонович 23 марти соли 2016 аз рӯи маслиҳати пешакӣбар ивази 1 миллион рубли русӣдар шаҳри Октябрски Ҷумҳурии Бошқирдистони Федератсияи Русия бо яроқи оташфишон шаҳрванди ҳамин кишвар М.И. Купсовро ба қатл расонида, бо мақсади ошкор нагардидани ҷиноят ҳамсари мақтул М.С. Величкоро низ бо таппонча парондаанд, ки номбурда пас аз расондани ёрии тиббӣ зинда мемонад.

   Ҷинояткорон пас аз содир намудани ҷиноят аз Федератсияи Русия ба Тоҷикистон фирор намудаанд.

   Дар инҷо Э. Носиров касби пеша намудааш, яъне ҷинояткориро идома    дода, 16 июли соли 2018 дар шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ба баҳси шаҳрвандон Абдуллоев А. ва Раҳимов П. ҳамроҳ шуда, барои ситондани 600 доллари ИМА  П. Раҳимовро тахдиди куштан намудааст.

   Мақомоти тафтиши пешакӣнисбати Э. Носиров бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “и,и” 32 қисми 3-104қисми 2 бандҳои “а,л,п”, 120, 195 қисми 1, 334 қисми 2 ва 36 қисми 5-104 қисми 2 банди «и» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо анҷоми пешбурди тафтишот барои моҳиятан баррасӣнамудан ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шуд.

21 декабри соли 2018 бо ҳукми Суди ОлӣЭ.Р. Носиров бо моддаҳои 104 қисми 2 бандҳои “и,п”,32 қисми 3,104 қисми 2 бандҳои “а,л,п”, 120, 195 қисми 2 ва А.А.         Нуриддинов бо моддаи 36 қисми 5-104 қисми 2 банди «и» Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, Э.Р. Носиров ба муҳлати 25 сол ва А. Нуриддинов 15 сол бо адои ҷазо дар муассисаи ислоҳии низомаш пурзӯр аз озодӣмаҳрум карда шуданд.


Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ