Хабарҳо

ҚАСДАН РАСОНИДАНИ ЗАРАРИ ВАЗНИН БА САЛОМАТӢ

  10 апрели соли 2018 тахминан соати 10-30 дақиқа шаҳрванд Ҳиматов Фарҳодҷон Аюбҷонович дар назди манзили истиқоматии апааш Ҳиматова Матлуба Аюбҷоновна, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, ҷамоати шаҳраки Шарора, кӯчаи Рӯдаки, хонаи 21 қарор дошта, бо шаҳрванд Саидов Сулаймон Лоиқович муноқиша карда, қасдан бо корди хоҷагии дар дасташ буда, 2 маротиба ба узвҳои бадани охирин зада ҷароҳати ҷисмонӣрасонидааст, ки дар натиҷа Саидов С.Л. аз ҷароҳатҳои бардоштааш дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

  Оиди ин ҳолат нисбати Ҳиматов Ф.А. бо моддаи 110 қисми 3 банди "в" Кодекси ҷиноятӣпарвандаи ҷиноятӣоғоз карда шуда, баъди анҷоми тафтишот, барои моҳиятан баррасӣнамудан ба суд ирсол карда шудааст.

Бо хукми суди шаҳри Ҳисор Ҳиматов Ф.А. дар содир намудани ҷинояти бо моддаи 110 қисми 3 банди "в" Кодекси ҷиноятӣ, яъне барои қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ,  ки аз беэҳтиётӣбоиси фавти ҷабрдида гардидааст, гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣба мухдати 13 сол, бо нигоҳ доштан дар колонияи ислоҳии дороӣнизомаш сахт таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ