Хабарҳо

Подоши ҳама гуна амали хилофи қонун ҷазо аст

   Наврузов Давлатмаҳмад Мирзораҷабович барои он айбдор дониста шудааст, ки моҳи майи соли 2014 бо роҳи фиреб ва суистифодаи боварӣ аз шаҳрванд  Усмонов И. барои вайрон накардани истироҳатгоҳаш аз нақшаи васеъкунии қитъаи замин ё рӯёнидани маблағи сохтмони истироҳатгоҳ аз  охирон маблағи $5000 доллари ИМА-ро гирифтаааст. Номбурда ин маблағро тасарруф карда, ба   бо ин кирдораш ба Усмонов И.И. зарари моддии махсусан калон расонидааст.

 Инчунин ӯсолҳои 2016-2017 аз шиносаш Ҳоҷиев F.A. дар ҳудуди шаҳри Бустон ва ноҳияи Б.Бафуров $6000 доллари ИМА-ро бо ваъдаи дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурдан ва фоидаи ба даст овардаро тақсим намудан гирифта, онро тасарруф ва ба корҳои шахсию тиҷоратӣ сарф намуда ба Ҳоҷиев F. А. зарари махсусан калони моддӣ  расонидааст.

 Новобаста азоне, ки Наврузов Д. бо қарори суди ноҳияи Б. Ғафуров аз 22 июни соли 2017 барои бо роҳи қочоқ аз Қирғизистон ба ҳудуди Тоҷикистон ворид намудани 16390 литр сӯзишвории дизелӣ  ба ҷавобгари кашида шуда бошад ҳам, аз ин кирдораш ба худ хулосаи зарурӣ набароварда  22 декабри соли 2017 соати 03:30 аз руи маслиҳати пешакӣ бо Ғафурзода  Иброҳим Раҳим ва Навруззода Бехруз Бобоҷон  аз нуқтаи фурўши сузишвории нақлиётии "Жоро", воқеъ дар маҳалли 60- солагии Ҷумҳурии Қирғизистон 20220 литр маводи сузишвории гази моеъро бе гузаронидани расмиёти гумрукӣ бо роҳи қочоқ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Б.Ғафуров, Ҷамоати Хистеварз ворид намудаанд. Дар роҳ ҳангоми боздоштани автомошина бо кормандони  мақомоти ҳифзи ҳуқуқи   вилояти Суғд, муқобилият нишон додаанд.

 Бо хукми суди ш.Хуҷанд аз 26.04.2018 сол Наврузов Д.М. бо моддаҳои 170 барои дузанагӣ, 247 қисми 4 банди "б" барои қаллоби ба миқдори махсусан калон, 289 қисми 4 банди "в" барои қочоқ, 255 қисми 1 барои расонидани зарар, 328 қисми 2 барои муқобилият нишон додан ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва 346 қисми 3 банди "а" Кодекси ҷиноятӣ барои дидаю дониста расонидани хабари бардуруғ гунаҳгор дониста шуда,   ба муҳлати сенздаҳ сол аз озоди маҳруми бо адо намудан дар  колонияҳои ислоҳии дороӣ низомаш сахт, бо маҳрум намудан  аз ҳуқуқи фаъолияти соҳибкорӣ ба муҳлати чор сол  ва ба андозаи 1500 (як хдзору панчсад) нишондиҳанда ҷарима  барои ҳисобҳо,  баробар ба 75000 (хдфтоду панҷ  ҳазор) сомонӣ ба фоидаи давлат  ҷазо таъин карда шудааст.

Ҳамчунин, судшавандагон  Навруззода Б. Б. дар содир намудани ҷинояти бо моддаҳои 255 қисми 1, 328 қисми 2 ва 346 қисми 3 банди "а" Кодекси ҷиноятӣ гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазои махрумӣ аз озодӣ ба муҳлати шаш сол бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш сахт ва Ғафурзода И. Р. барои содир намудани ҷинояти бо моддаҳои 255 қисми 1 ва 328 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ   ба муҳлати ду солу шаш моҳ  аз озоди маҳруми бо адои чазо дар колонияҳои ислоҳии дорои низомаш умумӣ  ҷазо  таъин карда шудаанд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ