Хабарҳо

ҶАЗО БАРОИ ВАЙРОН КАРДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУНГУЗОРӢ ОИДИ ТАНЗИМИ АНЪАНА ВА ҶАШНУ МАРОСИМҲО

    Бо мақсади таъмини иҷрои Дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақомоти прокуратураи ҷумҳурӣ назорати риояи қонунгузорӣ оиди танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро пурзӯр намуда, дар ин самт дар фаъолияти баъзе шахсони мансабдор омилҳои коррупсиониро ошкор намуданд.

  Аз ҷумла, санҷиши дар ин самт гузаронидаи прокуратураи ноҳияи Шаҳринав нишон дод, ки баъзе шахсони масъули Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи мазкур  ба ҷои пешгирӣ ва бартараф намудани қонунвайронкуниҳо, беғаразона баррасӣ ва мусоидат намудан барои дар доираи талаботи қонунгузорӣ баргузории тӯю маъракаҳои мардум, худ даст ба пулситонӣ ва дигар омилҳои коррупсионӣ зада, барои додани иҷозат оиди гузаронидани маъракаҳо аз шаҳрвандон маблағҳои пулӣ гирифта, обрӯю нуфузи мақомоти давлатиро коста мегардонанд.

   Чунончӣ, рӯзи 2 октябри соли 2017 сармутахассиси Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳринав Саидов Фарҳод Ғайбуллоевич бо роҳи фиреб ва сӯйистифода аз ваколатҳои мансабиаш барои иҷозат додан оиди баргузории тӯйи арӯсию домодӣ аз сокини ҷамоати деҳоти ба номи А. Ҳасанов шаҳрванд Қурбонов Алишер 180 сомонӣ маблағи пулӣ талаб карда, худи ҳамон рӯз ҳангоми гирифтани пора аз ҷониби кормандони прокуратураи ноҳия дастгир карда шуд.

   Дар рафти санҷиш маълум гардид, ки шаҳрванд Қурбонов А. бе падар ба воя расида, модараш гирифтори бемории вазнин ва шароити зиндагиашон хуб нест. Ба ин нигоҳ накарда, Саидов Ф. номбурдаро сарсону саргардон карда, барои додани иҷозат оиди баргузор намудани тӯйи домодиаш маблағи пулӣ талаб намудааст.

   Ғайр аз ин, номбурда 2 октябри соли 2017 бо ҳар гуна баҳонаҳои бофтаю беасос аз шаҳрванд Эшмуратов Ш. низ барои баргузории тӯйи домодиию арӯсии бародараш 150 сомонӣ гирифта, онро ба манфиати шахсиаш хароҷот намудааст.

   Аз рӯйи ин ҳолатҳо прокуратураи ноҳияи Шаҳринав нисбати сармутахассиси Комиссияи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия Саидов Ф. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в”,“г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва пас аз анҷоми тафтиши пешакӣ ба суд ирсол намудааст, ки номбурда бо ҳукми суд маҳкум ва ба ў ба андозаи 365 нишондиханда барои ҳисобҳо ҷазои ҷарима таъин карда шудааст.

 

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ