Хабарҳо

ОШКОР ГАРДИДАНИ ҳолати қочоқи маводи сузишворӣ

Дар рафти санҷишӣ ҳолати иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарҳадӣ давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз тарафи прокуратураи  ҳарбии  гарнизони Суғд  ҳодисаи қочоқи маводи сузишворӣ аз ҷониби гуруҳи шахсон бо маслиҳати пешакӣ ошкор карда шуд. Чунончи, шаҳрванд Ҳамроҷонов Муҳсин Муҳамадович бо бародаронаш  Ҳамроҷонов Ҷамшед Муҳамадович ва Ҳамроҷонов Эҳсон Муҳамадович, сокинони ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров

бо мақсади пинҳонӣ аз сарҳадӣ гумрукӣ ва давлатӣ ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон даровардани сузишвории дизелӣ аз ҳудуди деҳаи Арқаи Ҷумҳурии Қирғизистон  маслиҳат намуда, 10 сентябри соли 2017 тахминан соати 1400 дақиқа аз нуқтаи фурӯши сузишвории деҳаи Арқаи ноҳияи Лайлаки Ҷумҳурии Қирғизистон бо як адад автомашинаи тамғаи «Газел» рақами қайди давлатиаш 59-24 ТТ 02 ТҶ (маводи сузишвории дизелиро гирифта, тариқи автомашинаи тамғаи «Опел-Зефира» таҳти рақами  транзитии В 01-09 ТҶ, онро ҳамроҳӣ  намуда, бо мақсади минбаъд ба муомилот баровардан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ғайриқонунӣ сарҳади давлатӣ ва гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур намуда, ба ҳудуди ҷамоати деҳоти Хистеварзи ноҳияи Б. Ғафуров ҳаракат намудаанд.

Наряди сарҳадӣ садди роҳи кирдорҳои ғайриқонунии онҳо гардида, номбурдагонро боздошт намудаанд, ки онҳо ба талаботи наряди сарҳадӣ итоат накарда, 2 нафар хизматчиёни ҳарбиро зери лату куб қарор дода, баъди хабардор шудани мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.

Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаҳо муайян карда шуд, ки дар дохили автомашинаи тамғаи «Газел» рақами қайди давлатиаш 59-24 ТТ 02 ТҶ як адад зарфи худсози ғунҷоишаш тахминан 3189 литра ҷойгир карда шуда, дар дохили он сузишвории дизелӣ мавҷуд буда,  ба шаҳрванд Ҳамроҷонов М.М. тааллуқ доштааст.

Оид ба ҳодисаи мазкур аз ҷониби прокуратураи ҳарбии гарнизони Суғд нисбати номбурдагон бо аломатҳои моддаи 328 қисми 2 Кодекси  ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз  гардида, тафтишоти пешакӣ бо он идома дорад.

Ҳамзамон, дар асоси моддаи 377-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ  нисбати номбурдагон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ низ оғоз карда шуда, барои баррасӣ ба суди ноҳияи Б.Ғафуров ирсол карда шуд, ки дар асоси қарори суди мазкур номбурдагон барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гунаҳкор дониста шуда, ба онҳо ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи як арзиши мол баробар ба 14350 сомонӣ таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ