Хабарҳо

Силтоншоев А.Д. маҳкум гардид

4 августи соли 2017 дар суди ноҳияи Ёвони  вилояти Хатлон парвандаи ч;иноятӣ нисбати Силтоншоев А. Д. бо моддаи 110 қисми 1Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ гардид. Силтоншоев А.Д. барои он аӣбдор дониста  шудааст, ки санаи 9 маӣи соли 2017 тахминан соатҳои 2100 дар ҳолати мастӣ қарор дошта, дар ин вақт бо Тешаев З.С. ҷаҷол намуда, номбурдаро мавриди  лату  куб  қарор додааст. Силтоншоев А      .Д. аз ин  қонеъ нашуда, бо мақсади қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатии Тешаев З.С., аз болои мизи ошхонаи манзили  истиқоматиаш як адад корди ошхонагиро гирифта, бо истифода аз он қасдан ба камаргоҳи чапи Тешаев З.С. як маротиба зарба задааст... 

Дар натиҷаи чунин кирдори Силтоншоев А.Д. ба саломатии Тешаев З.С.  зарар расонида шуда, номбурда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардоштааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Ёвон аз 4 августи соли 2017 Силтоншоев А.Д. бо моддаи 110  қисми 1 Кодекси  ҷиноятӣ  гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазо  дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 6 сол бо адои ҷазо дар коллонияи ислоҳии низомаш пурзур таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ