Хабарҳо

Султонова Б.Б. МАҲКУМ ГАРДИД

 25 августи соли 2017 дар  суди  ноҳияи  Ёвони вилояти  Хатлон  парвандаи ҷиноятӣ нисбати Султонова Бунафша Боӣмуродовна бо моддаи 109 қисми 2 Кодекси  ҷиноятӣ баррасӣ гардид.

 Номбурда барои он аӣбдор дониста  шудааст, ки аз соли 2005 бо шаҳрванд Муродов С. М. бо тариқӣ расму оинои  диннӣ ба шавҳар баромада, дар давоми ҳамзистии  якҷоя бо писари шавҳараш Муродов Ф.С. муносибти бераҳмона  намуда, ӯро дашномҳои қабеҳ намуда, аз манзили  истиқоматияшон  пеш намудааст. Боз дар ин давом аз хурдани хурока  ва пушидани либосҳояш ўро маҳрум намуда, таъкид менамудааст, ки аз манзили  истиқоматиашон баромада равад.

Муродов Ф.С. аз  зиндаги дилмонда  шуда, 8 маӣи соли 2017  тахминан  соатҳои 2000 ба қисмати  поёни  манзили  истиқоматияшон рафта, дар дарахти  мевадиҳандаи  зардолу  тавассути  ресмон  худашро овезон намудааст, ки дар натиҷа ба ҳалокат расидааст.

Оиди  ҳолати  мазкур 17 маӣи соли 2017 нисбати Султонова Б.Б. аз ҷониби  прокуратураи  ноҳияи Ёвон бо  моддаи 109  қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, бо анҷоми тафтишоти  пешакӣ, парвандаи  ҷиноятии мазкур 27 июли соли 2017 бо тасдиқи фикри аӣбдоркунӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳияи Ёвон ирсол карда шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Ёвон аз 25 августи соли 2017 Султонова Б.Б. бо моддаи 109  қисми 2 Кодекси  ҷиноятӣ  гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 5 сол бо адо намудани ҷазо дар коллонияи ислоҳии низомаш умумӣ таъин карда шуд. 

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ