Хабарҳо

БАРГУЗОРИИ машғулияти семинарӣ

 13 октябри  соли 2017 дар толори маҷлисгоҳи Прокуратураи генералӣ дар мавзӯи “Низомҳои  гумрукӣ  ва  хусусиятҳои  онҳо дар системаи интиқоли  молу воситаҳои  нақлиёт  аз  сарҳади  гумрукии  Ҷумҳурии Тоҷикистон” машғулияти  семинарӣ  баргузор  гардид.

Қайд  гардид, ки моддаи 155-и Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон 18 низоми  гумрукиро  дар  4 гурӯҳ муқаррар намудааст...

 Намудҳои номбаршудаи низомҳои гумрукӣ бо мақсадҳои танзими гумрукӣ  нисбати молҳои аз тариқи сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлунақлшаванда муқаррар карда мешаванд.Низомҳои гумрукии асосӣ бо меъёрҳои  қонунгузориҳои  бисёр  давлатҳои  ҷаҳон муқарар карда мешаванд.

Шарти асосии истифодаи низоми гумрукӣ муайян намудани  амали он дар замон ва муҳит ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷо бояд хусусиятҳои худи интиқолро фарқ кард, яъне иҷроиши содирот ва воридотро. Оғози амали низоми гумрукӣ ҳангоми воридоти мол лаҳзаи убури сарҳади гумрукии  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Меъёрҳои қонунгузории гумрукро  дар вақти дар қаламрави давлати хориҷӣ қарор доштани мол истифода бурдан мумкин нест. Вале ҳамзамон ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардидани мол мақоми он бо меъёрҳои гумрукӣ-ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

Дар хотимаи машғулият вобаста ба мавзӯи матраҳшаванда музокираҳо доир гардиданд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ