Хабарҳо

Абдураҳмонов Д.Н. маҳкум гардид.

 Дар  суди  ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе парвандаи чиноятӣ нисбати Абдураҳмонов Дилшод Насимхонович бо моддаҳои 32 кисми 3-4011 Кодекси ҷиноятӣ баррасӣ гардид.

Абдураҳмонов Д.Н. барои он маҳкум гардидааст, ки ӯ соли 2016 ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба шаҳри Москваи Федератсияи Россия рафта, ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ  қарор доштанаш ба воситаи телефони мобилӣ ба шабакаҳои интернетии "Телеграмм" "Одноклассники" ворид шуда, ҳаргуна наворҳоро оиди... 

муҳорибаҳои ҷангӣ дар ташкилоти террористии "Давлати исломӣ" тамошо кардааст.  Ҳамчунин  бо яке аз аъзоёни фаъоли ташкилоти террористӣ- экстремистӣ бо номи "Абу Саллоҳ", ки шахсияташ ба тафтишот номуайян мебошад, шиносоӣ пайдо намуда, ба худ тахаллуси "Дилшод"-ро интихоб намуда, ҳамарӯза бо ӯ муошират карда, номбурда ӯро барои ҷиҳод намудан даъват карда, ба шомил шудан ба ташкилоти террористии "Давлати исломӣ" тарғиб намудааст, ки ӯ онҳоро қабул ва  ҷонибдорӣ намуда, максади ба Ҷумҳурии Сурияи Араб рафтан ва дар амалиётҳои ҷангӣ иштирок намуданро кардааст.

Бо максади амалӣ намудани нияти худ 16.07.2017 сол чиптаи ҳавопаймо ба  маблағи  5433 рубли русӣ ба хатсайри "Москва-Истамбул" харидорӣ намуда, мақсади ба Ҷумҳурии Туркия сафар намуданро кардааст, ки дар фурудгоҳи Жуковский шаҳри Москва аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастгир гардида, ба Ҷумҳурии Тоҷикистои баргардонида шудааст.

Бо ҳукми суди ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз 06.09.2017 сол  Абдураҳмонов Д.Н. бо моддаҳои дар  боло  қайдгардида гунаҳкор дониста шуда, ба ӯ ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мухлати 12 солу 6 моҳ бо адои ҷазо дар колонияи ислоҳии дороӣ низомаш сахт таъин гардид.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ