Хабарҳо

Иштироки Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи Кумита оид ба рафъи табъизи нажодии СММ дар шаҳри Женева.

 10-11 августи соли 2017 Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-лейтенанти адлия Раҳмон Юсуф Аҳмадзод дар ҳайати Ҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар иҷлосияи 93 Кумита оид ба рафъи табъизи нажодии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женеваи Конфедератсияи Швейтсария қарор дошт.

Дар иҷлосияи номбурда гузоришҳои нуҳум, даҳум ва ёздаҳуми Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба татбиқи Конвенсияи байналмилалӣ оид ба рафъи тамоми намудҳои табъизи нажодӣ шунида шуд.

Баъди шунидани гузоришҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тавсияҳо дода шуданд, ки баррасӣ ва татбиқи онҳо дар назар дошта шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ