Хабарҳо

Ба худкуши расонидан !

  Раёсати назорати қонунӣ будани санадҳои судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ, парвандаи ҷиноятӣ нисбати Давлятов Лутфулло Давлятович, бо моддаҳои 109 қисми 2, (ба худкуши расонидан) 117 қисми 2 банди “в” (азобу уқубат) ва 170 (дузанаги ё серзанагӣ) КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки тафтиши он аз ҷониби Раёсати тафтиши парвандаҳои ҷиноятии махсусан муҳими Прокуратурам генералӣ ба анҷом расонида шуда буд, дар Суди Олӣ баррасӣ карда шуд.

   Дар рафти тафтишоти пешакӣ ва баррасии судӣ муайян шудааст, ки Давлятов Л.Д. санаи 25 августа соли 1995 бо Давлятова Азиза Турсуновна акди никоҳи расмӣ баста, аз зиндагии якҷояшон соҳиби ду фарзанд Давлятова Нушофарин ва Давлятова Шоҳина гардидаанд.

   Ӯ, ҳангоми ба ҳайси сардори Раёсати минтақавии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои тобеи марказии ДСП “ТТ-Мобайл” кор карданаш соли 2020 бо шаҳрванд Мамадҷонова Мадина Амоновна соли таваллудаш 1989, ки ҳамчун зертобеъ дар ширкати “ТТ-Мобайл” кор мекард, шинос шуда, бо охирин муносибати наздик пайдо кардааст.

   Моҳи майи соли 2020 ҳамсари ӯ Давлятова А.Т. оид ба муносибати ӯ бо Мамадҷонова М.А. хабардор шуда, талаб кардааст, ки зинокориро катъ намуда, дар ҷамъият обрӯи оилаашонро нигоҳ дорад. Ӯ чунин эроди ҳамсараш Давлятова А.Т-ро шунида, номбурдаро дашномҳои қабеҳ дода, дар дохили манзили истиқоматии худ, воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Айнӣ 156, хонаи 51 лату кӯб карда, азобу уқубати ҷисмонӣ ва рӯхӣ расонидааст.

   Азбаски Давлятова А.Т. ҳамчун ҳамсар дар таъминоти моддии ӯ буд ва дар муносибати оилавӣ ба ӯ вобастагӣ дошт, ба муомилаи бераҳмона ва пастзании шаъну эътибори ӯ тоб наоварда, бо истеъмоли шумораи зиёди дору даст ба сӯиқасди худкушӣ зада, аммо духтараш Давлятова Шохина ёрии аввалини тиббӣ расонида, худкушии Давлятова А.Т-ро пешгирӣ кардааст.

   Минбаъд, ӯ муносибаташро нисбати ҳамсараш Давлятова А.Т. тағйир дода, давоми солҳои 2020-2021 дар як вақт бо Давлятова А.Т. ва Мамадҷонова М.А. хоҷагии умумӣ пеш бурда, номбурдагонро аз чунин муносибати худ огоҳ карда, дар як вазъияти носолим нигоҳ дошта, мунтазам азобу уқубати рӯҳӣ додааст.

   Ба чунин тарзи ҳаёти бешарафонаву зишти ӯ ҳамсараш Давлятова А.Т. бардошт накарда, моҳи марта соли 2021 ба хешовандони наздики ӯ дар бораи бо шаҳрванд Мамадҷонова М.А. дар як вақт пеш бурдани хоҷагии умумии шавҳараш хабар дода, хоҳиш кардааст, ки барои дар пеши назари ҷамъият нигоҳ доштани обрӯи оилаашон шавҳарашро насиҳат намоянд.

    Ӯ, аз инҳолат хабардор шуда, бо дарназардошти эрод гирифтани ҳамсараш Давлятова А.Т. оид ба муносибати наздик доштани ӯ бо Мамадҷонова М.А. ва аз тарафи охирон мунтазам ирсол шудани смс хабарҳои ошиқона, ки боиси муноқишаҳои онҳо мешуданд, 15 марта соли 2021 ҳангоми дар шаҳри Самараи Федератсияи Россия якҷоя қарор доштанашон ҳамсараш Давлятова А.Т-ро дашномҳои қабеҳ ва лату кӯб карда, ба номбурда азобу уқубати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ расонидааст. Давлятова А.Т. аз муомилаи бераҳмона ва пастзании мунтазами шаъну эътибораш тоб наоварда, аз тирезаи утоқи баландошёна худро ба замин партофтани мешавад, ки духтараш Давлятова Ш. ӯро дошта, ҳодисаи мазкурро низ пешгирӣ кардааст.

    Тахминан охирҳои моҳи майи соли 2021 ӯ бо Мамадҷонова М.А. ақди никоҳи мусулмонӣ баста, ба номбурда ваъда додааст, ки аз ҳамсараш Давлятов Л.Д. мақсади ҷудо шуданро дорад. Аз ин ҳолат вазъи равонии Давлятова А.Т. бад шуда, ба модари Мамадҷонова М.А. - Алимова Зулфия Буриевна занг зада, эрод гирифтааст, ки дар натиҷаи рафтори бадахлоқонаи духтараш Мамадҷонова М.А. дилбастагии шавҳараш ба хонаводааш кам шудааст. Дар ин замина, байни ҳамсараш Давлятова А.Т. ва Алимова З.Б. ҷанҷоли лафзӣ ба миён омадааст.

   Мамадҷонова М.А. 25 июни соли 2021 мазмуни муҳтавои суханони ӯро бо сохтани гурӯҳ дар барномаи “Телеграмм” ба Давлятова А.Т. ва духтаронаш Нушофарину Шоҳина паҳн намудааст. Дар ин замина ӯ бо ҳамсараш Давлятова А.Т. ҷанҷол шуда, охиринро дар дохили манзили истиқоматиашон боз лату кӯб карда, азобу уқубати ҷисмонӣ ва рӯҳӣ додааст.

   Давлятова А.Т. 26 июни соли 2021 такроран ба муомилаи бераҳмона ва пастзании шаъну эътибори ӯ тоб наоварда, бо истеъмоли шумораи зиёди дору ба суиқасди худкушӣ даст зада, аммо духтараш Давлятова Ш. ба номбурда ёрии аввалини тиббӣ расонида, холати мазкурро пешгирӣ кардааст.

   Ниҳоят 25 августа соли 2021 ба муомилаи бераҳмона ва пастзании шаъну эътибораш тоб наоварда, Давлятова А.Т. шаҳрванд Мамадҷонова М.А-ро бо автомашинаи шахсиаш ба 38 киллометри шоҳроҳи Душанбе- Хуҷанд бурда, лату кӯб ва буғӣ карда, сӯиқасди кушторӣ номбурдаро содир намудааст.

   Бо ҳукми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 декабри соли 2021 Давлятов Лутфулло Давлятович, бо моддаҳои 109 қисми 2, 117 қисми 2 банди “в” 170-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон, гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ аз рӯи маҷмӯи ҷиноятҳо ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба мухдати 8 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дорои низоми пурзӯр таъйин карда шудааст.

   Бо татбиқи моддаи 6 банди 3 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 7 сентябри соли 2021 муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати Давлятов Лутфулло Давлятович, аз се як ҳисаи ҷазо кам карда шудааст.   

 

      Маркази матбуоти

      Прокуратураи генералӣ