Хабарҳо

Одамкушӣ

  Исломов Ҷалолиддин Алимуллоевич 21 сентябри соли 2020 аз рӯи хусумати шахсӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани аҳли хонаводааш, ки майнушии ӯро халалдор мекард ва барои майнушии худ шароит фароҳам овардан 5-6 адад доруи навъи “Азалептин” ва як миқцор пайвастагиҳои органикии фосфордор ва хлордорро аз таҷҳизоти пошкунандаи доруҳои миниралии дар манзили истиқоматиашон нигохдошташуда дастрас намуда, ба дети хӯроки аҳли хонаводаи худ андохтааст.

 

 Аз истеъмоли хӯроки заҳролудшуда модари Исломов Алимулло- Исломова Назокат Мирзомуродовна ба ҳалокат расида, аъзоёни оилаашон Исломов А., Исломова Н.М., Исломов Ф.А., Исломова С.И., ноболиғон Исмоилзода Н. ва Исломов М.Ф. хӯроки мазкурро истеъмол намуда, бо заҳролудшавии шадид ба шуъбаи эҳиёгарии беморхонаи марказии н.Хуросон бистарӣ гардидаанд.

 Прокуратураи н.Хуросон нисбати Исломов Ҷ.А., бо моддаҳои 104 қисми 1 ва 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “а,в,ж”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, онро баъди ба итмом расонидан ба суд ирсол намудааст.

 29 декабри соли 2020 аз ҷониби суди вилояти Хатлон Исломов Ҷ.А. бо моддаҳои 104 қисми 1 ва 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “а,в,ж”-и КҶ ҶТ гунаҳгор дониста шуда, ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 18 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дороӣ низомаш сахт таъин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ