Хабарҳо

Барангехтани кинаю адовати динӣ (мазҳабӣ)

  Гадоев Мазҳариддин Убайдович, аз соли 1997 то соли 2015 ба шаҳри Қуми Ҷумҳурии Исломии Эрон сафар карда, дар онҷо таълимоти ғайрирасмии динӣ гирифтааст. Ӯ пас аз баргаштан ба Тоҷикистон тахминан соли 2012 давоми моҳи Шарифи Рамазон дар масҷиди деҳаи Гулистони Ҷ/д Тахти Сангини н.Қубодиён бо баҳонаи дар хусуси фазилатҳои моҳи Рамазон сӯҳбат оростан, миёни намозгузорон кинаю адовати мазҳаби барангехтааст. 

  Баҳри пешгирӣ намудани амалҳои иғвоангезонаи Гадоев М.У. имом-хатиби масҷиди деҳаи мазкур Кулолов М.М. гуфтаҳои аввалинро рад намудааст. Дар навбати худ Гадоев М.У. аз амалҳои худ нагашта, барои дурустии ақидаҳояш бо Кулулов М.М. баҳс намуда, адабиётҳои овардаашро далели дурустии ақидаҳои худ ном гирифт. Илова бар ин, тахминан моҳи июли соли 2019 Гадоев М.У. аз фурсати ҳузур надоштани имом-хатиби масҷид Кулулов М.У. истифода бурда, дар рафти баргузории намози шом ҳамчун пешдаро шуда, намоз гузошт, лекин ин амали ӯ миёни намозгузорон низоъ ва норозигиро ба миён овардааст.

 Прокуратураи вилояти Хатлон фикри айбдоркунии парвандаи ҷиноятиро нисбати Гадоев М.У. бо моддаи 189 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намуда, ба суд ирсол кардааст.

 25 ноябри соли 2020 бо ҳукми суди вилояти Хатлон Гадоев М.У. бо моддаи 189 қисми 1 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста, ба ӯ ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 3 сол бо адо кардани ҷазо дар колонияи ислоҳии дороӣ низомаш сахт, таъйин карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ