Хабарҳо

Ҳаракати бадахлоқона нисбати ноболиғ

 Исанов Турғунҷон Жураевич санаи таваллудаш 25 мартисоли 1985, сокини шаҳри Душанбе, моҳи августи соли 2016 бо шаҳрванд С.З., ки аз шавҳараш ҷудо шуда, соҳиби 2 фарзанд С.Б., санаи таваллудаш 12 декабри соли 2008 ва С.М., санаи таваллудаш 29 ноябри соли 2011 мебошад, бо тариқи никоҳи мусулмонӣ оила барпо намуд. Аз зиндагии якҷояашон соҳиби 1 фарзанд гардидаанд.

 Исанов Т.Ж. ноболиғон С.Б. ва С.М.-ро ҳамчун фарзанд қабул намуда, дар тарбияи худ қарор дода, дидаю дониста, ки С.Б. бараъло ноболиғ буда, ба синни чордаҳсолагӣ нарасидааст, тахминан 25-26 августа соли 2018 ҳангоми дар суроғаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Музмин бинои 13 ҳуҷраи 12 зиндагонӣ карданашон, аз набудани ҳамсараш С.З. истифода бурда, ноболиғ С.Б.-ро бо таҳдиди истифодаи зӯроварӣ алоқаи ҷинсӣ намуда, нафси шаҳвониашро қонеъ намудааст.

 Ӯ такроран охирҳои моҳи ноябри соли 2019 дар ҳолати мастӣ ботаҳдиди истифодаи зӯроварӣ нафси шаҳвониашро қонеъ намуда, наболиғ С.Б.-ро таъкид кардааст, ба модараш арз накунад.   Боз ӯ, ба ин кирдорҳои ҷинояткоронаи худ қаноат накарда, моҳи майи соли 2020, дидаю дониста ки ноболиғ С.М. ҳанӯз ба синни чордаҳсолагӣ нарасида, дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, дар манзили истиқоматӣ воқеъ дар суроғаи шаҳри Душанбе, ноҳияи Фирдавсӣ, танҳо буданашон, номбурдаро маҷбуран ва дар ҳолати ғайритабиӣ алоқа намуда, нафси шаҳвониашро қонеъ намудааст.

 Прокурори ноҳияи Фирдавсӣ 07 сентябри соли 2020 бо модаҳои 138 қисми 3 банди “а” ва 139 қисми 4 банди “а”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуда, баъди анҷоми он барои баррасӣ ба суди шаҳри Душанбе ирсол намуд. Бо ҳукми суд Исанов Т.Ж. гунаҳгор дониста шуда, ба ӯ ҷазо дар намуди якумра маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ