Хабарҳо

МУОМИЛОТИ ҒАЙРИҚОНУНӢ БО АСЪОРИ ХОРИҶӢ

 Нуридинов Фозил Ҷӯраевич бархилофи талаботи моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», ки ба амалиёти мубодилавӣ бо асъори хориҷӣ машғул шудани дигар субъектон манъ мебошад, амал намуда, аз аввали соли соли 2017 дар вақтҳои ба худ муносиб бидуни иҷозатномаи дахлдор ғайриқонунӣ ба мубодилаи асъори хориҷӣ машғул шудааст. 22 апрели соли 2020 тахминан соати 1400 дақиқа ҳангоми гузаронидани санҷиши прокурорӣ ӯ аз харидори шартӣ дар дохили бозори “Фаровон”-и шаҳри Бохтари вилояти Хатлон маблағи 3500 доллари ИМА гирифта, бар ивазаш 39 550 сомонӣ дода, ғайриқонунӣ иваз намудааст.

 Прокурори вилояти Хатлон нисбати Нуридинов Ф.Ҷ. бо моддаи 286 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (муомилоти ғайриқонунӣ бо асъори хориҷӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, баъди анҷом он ба суд ирсол гардидааст.

Бо ҳукми суди шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз 05 августи соли 2020 Нуридинов Ф.Ҷ. гунаҳгор дониста шуда, ба ҷарима маҳкум шудааст.

 

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ