Хабарҳо

ТАҶОВУЗ БА НОМУСИ ДУХТАРИ НОБОЛИҒИ ХУД

 Абдуллоев Азизулло Назуруллоевич моҳи июни соли 2017 тахминан соатҳои 22 дар манзили истиқоматиаш, воқеъ дар ноҳияи Данғара қарор дошта, бо мақсади қонеъ намудани нафси шаҳвониаш дидаю дониста, ки духтараш Н., санаи таваллудаш 1 августи соли 2001  ноболиғ мебошад, дар болои кати ҳавлии истиқоматиаш хоб буда, дар ҳолати оҷизӣ қарор дорад, аз ин ҳолатҳо истифода намуда, номбурдаро аз дастонаш гирифта, маҷбуран кашолакунон ба дохили ҳуҷраи меҳмонхонаи манзили зисташ бурдааст. Баъди вориди ҳуҷраи мазкур намудан Абдуллоев А.Н. пойҷома ва таҳпуши ноболиғ Н.-ро аз танаш бароварда, қасди ба номуси номбурда таҷовуз намуданро кард. Ин вақт ноболиғ Н. хост доду фиғон намояд, аммо падараш Абдуллоев А.Н. бо мақсади то ба охир расонидани қасди ҷинояткоронаи худ бо истифодаи қувваи зуроварӣ ба воситаи болишт Н.-ро аз ҳуш беҳуш намуда, ба номусаштаҷовуз намудааст.

 Прокурори ноҳияи Данғара нисбати Абдуллоев А.Н. бо моддаи 138 қисми 3 банди “а” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҷовуз ба номус) парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо анҷоми тафтишоти пешакӣ онро ба суд фиристонидааст.

 Бо ҳукми суди вилояти Хатлон аз 10 июли соли 2020  Абдуллоев А. Н. ба мӯҳлати 25 сол бо нигоҳ доштан дар колонияи низомаш сахт аз озодӣ маҳрум карда шуд.

 

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ