Хабарҳо

РИОЯИ ҚОНУН ҲАТМИСТ!

  Сайтов М.Р. сокини вилояти Хатлон, шаҳри Норак, деҳоти Дӯконӣ санаи 6 июни соли 2020 дар манзили истиқоматиаш бархилофи талаботи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, тӯйи домодии писарашро бо додани ду намуд таом ба анҷом расонидааст.

 Прокуратураи ш.Норак нисбати номбурда бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда, ӯ бо таъиноти суд ҷаримабандӣ карда шуд.

 Ё ин ки Гулов Ш.Х., сокини ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъаи ноҳияи Кӯшониёни вилояти Хатлон ҳамчун директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии ин ноҳия адои вазифа намуда, 20 июни соли 2020 дар манзили истиқоматиаш бархилофи талаботҳои моддаи 10-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал намуда, тӯйи домодии писарашро бо гузаронидани “маслиҳатошӣ”, ки қонун манъ намудааст  анҷом дода, муддати ду рӯз тӯй гузаронидааст.  

Ҳамчунин ҳангоми овардани арӯс зиёда аз чор автомашина иштирок намудааст.

Аз тарафи Прокурори н.Кушониён нисбати Гулов Ш.А. бо моддаи 481 қисми 1-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуда он  аз тарафи суд мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷаримабандӣ карда шуд.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ