Хабарҳо

14 март - Рузи кормандони мақомоти прокуратура

 Раҳмон Юсуф АҲМАДЗОД, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 ПРОКУРАТУРА ВА ТАЪМИНИ ВОЛОИЯТИ ҚОНУН

Мақомоти прокуратура яке аз сохторҳои муҳими низоми давлатдорӣ ба шумор рафта, вазифаи асосии онҳо таъмини волоияти қонун, таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи мустақилият ва соҳибихтиёрии кишвар, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, асосҳои демократии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии маҳаллӣ, дигар мақомоти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ, ҳизбҳои сиёсӣва дигар сохторҳои ғаӣридавлатӣ иборат аст.

Эмомалӣ РАҲМОН

 Ташаккули мақомоти прокуратура ба вазъи таърихӣ ва иҷтимоию иқтисодии давраҳои муаӣяни тараққиёти ҷомеа вобаста буда, дар қатори дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз муҳимтарин ниҳоде ба шумор меравад, ки дар рушди арзишҳои демократа, устувории вазъи тартиботи ҳуқуқӣ, пешгириву ошкоркунии ҳуқуқваӣронкуниҳо ва мубориза бо ҷинояткорӣ нақши намоён дорад.

  Дар замони Истиқлолияти давлатӣ мақомоти прокуратураи Тоҷикистон чун дигар сохторҳои давлатӣ таҳаввулоти зиёдеро аз capгузаронда, дар ҷомеа ҳамчун ниҳоди мустақил ва ҷавобгӯ ба принсипҳои демократии давлатдорӣ ҷойгоҳи шоиста касб намуд. Зеро, дар ин давра барои фаъолияти самараноки мақомоти прокуратура заминаҳои устувори ҳуқуқӣ - конститутсионӣ ташаккул ёфта, ваколату салоҳияти назоративу мурофиавии он дақиқан муаӣян шуд. Дар ин робита, самтҳои асосии фаъолияти прокуратура бо назардошти манфиатҳои миллӣ, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, вазъи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ дар мамлакат мушаххас гардид. Аз ҳамин дидгоҳ, метавон гуфт, ки заминаҳои рушд ва таҳкими фаъолияти мақомоти прокуратура дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ниҳоди мустақили давлатӣ ба таърихи давлатдории навини тоҷикон, яъне ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ пайванди ногусастанӣ дорад.

  Таърих ва роҳи тайкардаи мақомоти прокуратура дар даврони истиқлолият нишон медиҳад, ки таҳкиму тавсеаи фаъолияти ин сохтор таҳти ҳидояту дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ - Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имконпазир гардида, мавқеи он дар низоми ҳуқуқии кишвар боло рафт. Ҳанӯз, дар айёми нооромиҳои кишвар ба баланд бардоштани нақши парокуратура дар ҷомеа таваҷҷуҳ зоҳир гардида, барои фаъолияти пурсамари он заминаҳои меъёрии ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуд. Аз ҷумла, 14 марта соли 1992 се санади ҳуқуқии барои мақомоти прокуратура тақдирсоз қабул гардид, ки заминаи ҳуқуқии мустақилият ва ба мақомоти олии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тобеу ҳисоботдиҳанда будани онро фароҳам оварданд. Маҳз, бо назардошти аҳамияти инрӯйдод 14 марта соли 1992 ҳамчун рӯзи таъсисёбии прокуратураи Тоҷикистон ҳисобида шуда, 8 августа соли 2015 бо ворид намудани тағйиру илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» санаи 14 март Иди касбии кормандони прокуратура эълон гардид.

 Ба ҳамагон маълум аст, ки солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ бо дассисаи душманони дохилию хориҷӣ кишвари мо ба вазъи ногувори сиёсиву иҷтимоӣ печида, рукнҳои давлатдорӣ фалаҷ гардида буданд. Куштори мардуми бегуноҳ, тарафдорони сохти конститутсионӣ, арбобони давлатӣ ва ҷамъиятӣ, роҳзанӣ ва ғоратгарӣ, ки тарроҳҳони он ба ҷомеа ва миллати сарбаланди тоҷик муаӣян аст, умед ба фардои дурахшонро аз баӣн бурда буд. Дар чунин вазъ зарфияти фаъолияти мақомоти қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура низ кам гардида, ҳатто амнияти кормандон таъмин набуд.

 Хушбахтона, баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шурои Олӣ ва зимоми давлатдориро ба даст гирифтани фарзанди фарзопаи халқ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазъият марҳила ба марҳила ором ва низоми идораи давлат устувор гардид. Дар заминаи барқарорсозӣ ва таҳкими сохторҳои давлатӣ 29 январи соли 1994 бо Қарори Раёсати Шӯрои Олӣ сохтори мақомоти прокуратура дар ҳаӣати роҳбарият, 13 раёсату шуъбаи дастгоҳи марказӣ, 3 прокуратурам вилоятӣ, 15 прокуратурам шаҳрӣ ва 53 прокуратураи ноҳиявию махсусгардондашуда бо шумораи умумии 630 корманд тасдиқ шуд. Худи ҳамон сол бо мақсади баланд бардоштани таӣёрии касбии кормандони мақомот бо қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон курсҳои такмили ихтисос ва баъдан Марказӣ такмили ихтисоси кормандони мақомот таъсис ёфта, моҳи августа соли 2015 он ба Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисос табдил дода шуд. Зимнан, такмили сохтори прокуратура паӣваста идома карда, як қатор раёсату шуъбаҳо, инчунин, 20 прокуратурам нав дар шаҳру навоҳии мамлакат таъсис ёфтанд, ки ин раванд иқтидори кории мақомотро пурра намуд.

 Боиси қаноатмандист, ки дар ҷавоб ба дастгириҳои паӣвастаи давлат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ кормандони мақомоти прокуратура дар душвортарин лаҳзаҳои таърихи давлатдории навин садоқати худро ба Ватан, арзишҳои миллӣ ва рисолати конститутсионии худ собит намудаанд. Ҳоло дар ҳар саҳифаи таърихи истиқлолият нишоне аз талошҳои мақомоти прокуратура дар роҳи барқарорсозии сохти конститутсионӣ, таъмини сулҳу субот дар ҷомеа, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои инсон ва шаҳрванд сабт шудааст. Дар баробари ин, мо - кормандони мақомот ҳеҷ гоҳ фаромӯш нахоҳем кард, ки 24 августа соли 1992 дар авҷи низоъҳои дохилӣ ҷинояткорони силоҳбадаст аввалин Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон шодравон

 Нурулло Ҳуваӣдуллоев ва ронандаи ӯро бераҳмона ба қатл расонданд. Вале, ин танҳо талафоти донии мақомоти прокуратура набуда, чандин пафари дигар, аз ҷумла прокурорш ноҳияи Нуробод (он замон Комсомолобод) Маҳмадхоҷа Касиров, прокурорш ноҳшяш Панд Саидраҳмон Маҳмадов, муфаттиши прокуратураи шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) Иброҳимдон Ғаӣбуллоев, ёрдамчии прокурорш ноҳшяш Хуросон Мунаввар Сулаӣмонов кушта шуданд, кш номашон дар таършхш мақомот ҳамеша сабт аст.

Бояд гуфт, кш барош хшзматҳош арзанда дар таҳкшмш қонуншят, ҳшфзш ҳуқуқу озодшҳош шаҳрвандон ва муборшза бо дшнояткорӣаз солш 1993 то шндоншб теъдодш зшёдш кормандш мақомот ба рутбаш олшш дарадавӣ, мукофотҳош давлатӣ ва унвонҳош фахршш Ҷумҳуршш Тодшкшстон қадр шуданд.

 Ҳоло дар наздш кормандонш мақомотш прокуратура бо назардошти вазъи геополитикии даҳон ва афзоиши тахдиду хатарҳои нав, бахусус, терроризму экстремизм, кш метавонанд, ба амният ва манфиатҳои милливу давлатии мо низ таъсир гузоранд, масъулияти бештар меистад. Зеро, мусаллам аст, ки дар чунин вазъ оид ба ҳифзи волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ, мубориза бо динояткорӣ, муқовимат бо терроризму экстремизм, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои давлат, домеа ва шаҳрвандон талошҳои бештар тақозо мешавад. Аз ин рӯ, бо мақсади тақвияти нақши мақомоти прокуратура дар мубориза бо хавфи афзояндаи терроризм ва экстремизм дар сохтори дастгоҳи марказии Прокуратураи генералӣ- раёсати муқовимат бо терроризм, экстремизм ва назорати идрои қонунҳо дар самти амнияти миллӣ, инчунин, шуъбаи мубориза бо диноятҳои кибернетикӣ таъсис дода шуданд.

 Бояд гуфт, ки ҳоло мақомоти прокуратура фаъолияти хешро ба набзи замони муосир ва рушди босуръати технологияи иттилоотӣмутобиқ намуда, барои беҳбуд бахшидан ба кори ҳаррӯза диҳати назорати риояи дақиқ ва идрои якхелаи қонунҳо дар саросари кишвар тадбирҳои мушаххас андешидааст, ки соддагардонии расмиёти ҳуддатнигорӣ, қабулу баррасии саривақтии муродиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, сандиши мавод ва пешбурди парвандаҳои диноятӣаз думлаи он мебошад.

 Бо мақсади амалӣнамудани барномаи “Ҳукумати электронӣ” дар дастгоҳи Прокуратураи генералӣбо далби мутахассисони соҳа Барномаи автоматикунонии низоми бақаӣдгирӣ ва гардиши мукотибот ба роҳ монда шуд. Барномаи мазкур ба сарфаи вақти корӣ, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти кормандон, дуруст тақсим намудани вақти корӣ, амалӣгардондани низоми коргузории муосир, таъмини назорат аз болои фаъолияти ҳар як корманд, раванди баррасӣ, интиқол ва дар мадмӯъ, сифату самаранокии ҳаллу фасли ҳар як ҳуддат муосидат намуда, барои муосиркунонии коргузорӣ, тезондани робита ва мубодилаи ҳуддатҳо бо истифода аз технологияҳои навин, ки ба ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои поӣмолшудаи шаҳрвандон ва ташкилоту муассисаҳо равона шудааст, хизмат хоҳад кард. Гузашта аз ин, барои амалӣ гардонидани иқдоми мазкур дар мақомоти прокуратура тамоми кормандон бо техникам компютерӣтаъмин буда, имкони дастрасӣба интернетро доранд.

  Асосгузори сулҳу Вахдати миллӣ- Пешвои миллат, Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2019 “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон” қаӣд намудаанд, ки китобхонаҳо бояд ба маркази муҳими илму фарҳанг табдил дода шаванд.

Прокуратурам генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дорои китобхонаи замонавӣ буда, барои хонандагон ба истифода дода шудааст.

 Боиси сарфарозист, ки Президента Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон баҳри тавсеаи фаъолияти мақомоти прокуратура, аз ҷумла ҷиҳати таъминоти моддиву қадрӣва фароҳам овардани шароити хизмативу маишӣбарои кормандони мақомот пайваста ғамхорӣзоҳир менамояд. Чунин ғамхориву дастгириҳо моро вазифадор месозад, ки барои тақвияти самаронокии фаъолият дар ҳама самтҳои назорати прокурорӣ масъулияти бештар нишон дода, дар таъмини волоияти қонун ва пешрафти Ватани маҳбубамон саҳмгузор бошем.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ