Хабарҳо

Азонихудкуни

  Юсупов Муҳаммадсалим дар давоми солҳои 2014 то 14- феврали соли 2017 дар вазифаи сармуҳосиби хоҷагии деҳқонии ба номи "Б.Ғафуров" ва дар як вақт хазинадори ҳамин хоҷагӣ буда, бо истифода аз ваколатҳои хизматиаш мунтазам бо роҳи сохтакории хуҷҷатҳои расмӣ маблағҳои дар ихтиёраш бударо бо ҳарроҳ азонихуд намудааст.

  Аз ҷумла, ӯ соли 2016 аз ҳисоби саҳмдорон барои пардохти андози ягона, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурӯши мол 46 658 сомонӣ маблағи пулиро гирифта, ба хазинаи хоҷагӣ ворид карда, аз он 35 431 сомониро аз рӯи таъиноташ супорида, боқимондаи маблағро дар ҳисобот ҳамчунин бақия нишон надода, 11 227 сомониро азонихуд намудааст.

   Бар замми ин, Юсупов М. дар давоми моҳҳои январ-феврали соли 2017 аз ҳисоби саҳмдорон барои пардохти андозиягона 5202 сомонй ва аз номи худаш 2 620 сомониро барои пардохти маблағи андоз ҳамчун қарз гирифта, нишон дода, ин маблағҳоро, ки 7 942 сомониро ташкил медиҳад ба хазина ворид карда, аз он барои пардохти ягона 3 100 сомонӣ ва барои пардохтҳои дигар 1046 сомони сарф карда, боқимонда 3 796 сомонӣ маблағи пулиро ҳамчун бақияи хазина нишон надода, онро ройгон ва бебозгашт гирифта, барои хароҷоти шахсияш сарф кардааст.

  Бидуни ин, Юсупов М. ба сохтакории ҳуҷҷатҳои расмӣ даст зада, расиди хароҷоти сафари хизматии худро сохтакорӣ намуда, маблағи хароҷоти шабонарӯзиро аз 40 сомонӣ ба 80 сомонӣ иваз намуда, бо ҳамин роҳ 960 сомонӣ маблағи ҷамъиятиро азонихуд кардааст.

  Ҳамин тавр, Юсупов М. дар давраи кориаш дар маҷмӯъ 15 483 сомонӣ маблағи барои пардохти андозҳо пешбинишудаи ҷамъиятиро азонихуд карда, ба манфиати хоҷагӣ зарари ҷиддӣ расонидааст.

  Прокуратураи ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ нисбати Юсупов М.Ю. бо моддаҳои 245 қисми 2 бандҳои "а","в","г" ва 340 қисми 1 Кодекси ҷиноятӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, пас аз ба итмом расидани тафтишоти пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ҳамин ноҳия ирсол намудааст.

  Бо ҳукми суди ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аз 16 майи соли 2019 Юсупов М.Ю. бо моддаҳои ба ӯ айб элонкардашуда гунаҳкор дониста, ба ӯ бо дастрасии моддаи 67 қисми 2 Кодекси ҷиноятӣ бо роҳи қисман зам намудани ҷазоҳои таъиншуда, ҷазои ниҳоӣ дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати 2 солу 6 моҳ бо адо намудани ҷазо дар колонияҳои ислоҳии дороӣ низомаш умумӣ, бо маҳрум кардан аз хуқуқи ишғол намудани мансабҳои роҳбарикунанда дар соҳаи муҳосибӣ ба мӯхдати 1 сол таъин кардааст. Бо дастрасии моддаи 71 Кодекси ҷиноятӣ ҷазои таъиншуда шартан татбиқ нагардида, ба Юсупов М. 1 сол мӯхдати санҷишӣ муқаррар карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ