Хабарҳо

ҚАСДАН A3 ҲАЁТ МАҲРУМ СОХТАНИ ДИГАР ШАХС

 Халифаев Фаррух Назарматович 18 июни соли 2018 тахминан соати 8-9 субҳ ба дохили манзили истиқоматиаш воқеъ дар кӯчаи М.Баҳодурови шаҳраки Москваи ноҳияи MCA Ҳамадонии вилояти Хатлон рафта ҳамсараш Разоқова Арӯс Саидаҳроровна, ки дар ҳуҷраи хоб ҳамроҳи фарзандонаш хоб будааст, ба дигар ҳуҷра даъват намуда, хоҳиши алоқаи ҷинсӣ карданро намудааст, вале ҳамсараш хоҳиши ӯро рад намуда, хоҳиши аз хона баромада рафтанашро карда, дигар бо ӯ мақсади зиндагӣ карданро надоштааст.

 Халифаев Ф.Н. асабонӣшуда, як корди хоҷагиро аз пешдолон гирифта, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани ҳамсараш дохили ҳуҷра гардида,13 маротиба ба узвҳои ҳаётан муҳимаш корд задааст. Дар натиҷа ҳамсараш дар ҷои ходиса ба ҳалокат мерасад.

Баъдан Халифаев Ф.Н. бо иқрори гуноҳ оиди содир намудани ҷиноятӣмахсусан вазнин ба ШВКД-и нохияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ ҳозир гаштааст.

Прокурори ноҳия нисбати Халифаев Ф.Н. бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳуриии Тоҷикистон (одамкӯшӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, бо анҷоми тафтишоти пешакӣ ба суд фиристонидааст.

3 октябри соли 2019 бо ҳукми суди ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон Халифаев Ф.Н. дар содир намудани ин ҷиноят гунаҳгор дониста шуда, ҷазо дар намуди маҳрумӣ аз озодӣ ба мӯхдати 11 солу 6 моҳ бо нигоҳ доштан дар коонияҳои дороинизомаш сахт татбиқ карда шудааст.

 

Маркази матбуоти

Прокуратураи генералӣ